arzon replenishment
Хадамоти алоқа болоравии нархи интернетро шарҳ дод
271

 

Хадамоти алоқаи кишвар сабабҳои боло рафтани арзиши тарофаҳоро шарҳ дод. Хадамот ин тасмимро ҷонибдорӣ карда, гуфт, нархҳо мувофиқа шудаанд ва сабабҳояшро шарҳ дод.

Шарифҷон Шокирзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқа, гуфт, бо дастури Президенти кишвар ҷиҳати таъмини алоқа дар ҳолатҳои фавқулодда тамоми шабакаҳои мобилӣ вазифадор шуданд, генератор ва дизел-генераторҳоро харидорӣ намоянд. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 300 маҷмӯъ генератор ва 12 маҷмӯъ ди зел-генераторҳо харидорӣ шуданд, ки аз лиҳози молиявӣ арзиши гарон дошта, хароҷоти иловагиро талаб менамояд.

“Бинобар ин, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба чунин хулооса омад, ки нархҳоро андаке боло барад. Вале, аз ҷониби дигар ҳаҷми трафик ё мегабайтҳоро зиёдтар кард, ки болоравии нарх мушоҳида намешавад”, - гуфт ин мақомдори Хадамоти алоқа.

Ӯ гуфт, харҷи нерӯи барқ, харид, насб ва нигоҳдории дастгоҳҳо хароҷот талаб мекунанд, бинобар ин, онҳо низ ҷонибдорӣ карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД