Рӯзҳои 4-5-уми май дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳодисаҳои фавқулоддае, чун омадани сел, баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо, фаромадани ярч ва сангрезиҳо қайд карда шуд, ки хисороти зиёд доштанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Oila.tj хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, 5-уми май, соати 04:30, дар натиҷаи боришоти шадид дар деҳаҳои тобеи шаҳри Ваҳдат, аз қабили А. Абдулвосиева, Нӯъмон Розик, Чӯянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ, К. Исмоилов ва кӯчаи Ғалаба дар маркази шаҳр сел омад, ки дар натиҷа пулҳо, сарбандҳои муҳофизатӣ, каналҳо, иншооти гидротехникӣ, роҳҳои маҳаллӣ, заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва иншооти ёрирасони онҳо зери об мондаанд. Сокинони ҷамоатҳои зери хатар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб низ бар асари сел заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон ва шоҳроҳи деҳа зери об монд. Мутаассифона, дар натиҷаи омадани сел ду нафар – сокинони 40 ва 67-солаи ин маҳалла ба ҳалокат расиданд. Мо шахсияти онҳоро муайян карда натавонистем.
Генерал-полковник Рустам Назарзода, раиси КҲФ, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ба ҷойи ҳодиса сафар кард. Наҷотдиҳандагони Кумита ва техникаи муҳандисии вазнин барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ сафарбар карда шуданд.
Соати 11:05-и ҳамон рӯз дар маҳаллаи Сабзазори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби дарёи Харангон ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа маҷрои дарё тағйир ёфт ва як қисми соҳили дарёро ба масофаи 45—50 метр шуста бурд. Ҳамчунин, дар пайи боришоти зиёд сатҳи оби рӯдхонаи Варзоб боло рафт. Дарё маҷрои худро тағйир дод, ки дар натиҷаи ин оби озодшуда соҳили чапи дарёро тақрибан 50—60 метр эрозия кард.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ҳамон рӯз омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 28 қитъаи замини наздиҳавлигии ҷамоатҳои деҳоти Зайнабобод ва Навобод зери об монданд. Айни замон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.
Боришоти шадид дар ҳудуди ду ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор боиси омадани сел гардид. Дар натиҷа 72 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Навобод ва М. Турсунзодаро об зер кард.
Ҳамон рӯз, тахминан соати 14:10 дар деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав низ сатҳи оби резиши сел боло рафт. Дар натиҷа роҳи байни деҳаро об зер кард. Ҳамчунин, дар ин рӯз, тахминан соати 14:10 оби рӯдхонае, ки аз болои деҳаи Файзбахш ҷорӣ мешавад, аз соҳилаш берун шуд. Сел заминҳои наздиҳавлигӣ, таҳхонаҳои биноҳои истикоматӣ ва заминҳои кишоварзии деҳаро пахш кард.
Субҳи барвақти ҳамон рӯз, тахминан соати 7:30 сел пули мошингарди Нуробод-Сангвор-Дарвоз-СариҶарро дар ноҳияи Нуробод пурра хароб кард. Ҳамчунин, дар километри 21-уми деҳаи Дашти Гурк ва 39-уми деҳаи Рубоднол, километри 18 ва 5-уми шоҳроҳи Лаби ҷар - Сангвор боришоти борон боиси зери об мондани роҳҳо гардид.
Дар вилояти Хатлон низ боришот боиси фаромадани сел шуд. Аз ҷумла, тахминан соати 03:30 дақиқаи 5 май дар деҳаҳои Тиятош, Зағертут ва Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва деҳаи Гулистони шаҳри Левакант омадани сел ба қайд гирифта шуд. Бар асари омадани сел 50 метр роҳро, ки аз ҳудуди деҳаи Зағертут мегузарад, санг пахш кард. Дар деҳаи Тиятош сел боиси марги чорвои майдаи сокинони деҳа шуд.
Дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара бар асари боришоти шадид сел ҳудуди 1700 метр шоҳроҳи Бохтар-Данғараро дар қисмати рости Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», симчӯбҳои барқ ва хатҳои алоқаро қисман зери об кард. Ҳамчунин, сел кӯпрук ва қубурҳои обгузарро дар деҳаи Сангтӯдаро зер кард.
Бар асари боришоти шадид вилояти Суғд низ зарар дид. Ҳамон бегоҳӣ ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи деҳа, сокини 20-солаи деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дар пайи омадани сел ҳалок шуд. Ҷасади як зани ҷавонро кормандони Раёсати КҲФ дар Истаравшан пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
Бар асари боришоти шадид дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ таҳхонаи як бинои истиқоматӣ ва се иншооти ёрирасонро сел зер кард. Заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Муҷуми ноҳияи Деваштич низ зери об монданд. Дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон об вориди таххонаи 29 бинои истиқоматӣ шуд.
Дар худуди ВМКБ низ сел хисорот овард. Аз ҷумла, дар натиҷаи боришоти шадид дар километрҳои 286 ва 326 шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Куф ва Шикефи ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, сел роҳро фаро гирифта, ҳаракати нақлитро маҳдуд кард. Бо саъю кушиши кормандон роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор гардид.