tobiston
Кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона мераванд
10.06.2025
Oila.tj
115

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12-уми июн то 4 август зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додаааст, ки бо мақсади босамар гузаронидани таътили тобистона барои кӯдакону наврасони пойтахт 50 истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, дар 46 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт, 1 истироҳатгоҳ дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, 1 истироҳатгоҳ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва “Зимчуруд”-и ноҳияи Шоҳмансур кӯдакону наврасон истироҳат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин шуда, дар онҳо чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, ташкил карда мешаванд.

Сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода гуфтааст, ки дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ташкил мешаванд.

«Тибқи қарори мазкур, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд» ва «Шарора» 2298 нафар кӯдакону наврасон, дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 7760 нафар кӯдакону наврасон ба истроҳати тобистона фаро гирифта мешаванд»,- афзудааст ӯ.

Бино ба иттилои номбурда, истироҳати кӯдакону наврасон ба чор баст ҷудо гардида, давомнокии он 10 рӯзи ройгонро ташкил медиҳад. Мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ ва тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад.

“Дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошанд, зеро онҳо тамоми сол ба реҷаи қатъии рӯз одат кардаанд. Агар кӯдак давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд”,- гуфтааст Бобозода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД