Ҳар моҳ ба 600 кӯдаки ятим дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон кумаки молӣ расонида мешавад.
Дастгирии ҳар як кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ сурат гирифта, тибқи Созишнома ҳар моҳ ба маблағи 100 доллари ИМА бо қурби пули миллии тоҷикӣ – сомонӣ ба корти бонкии ятими интихобшуда гузаронида мешавад.
Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарии ҷамъбастӣ, ки бо кумаки Маркази дастгирӣ ва кумакҳои башардӯстона шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ дар бинои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор гашт, ба сомонаи Оила хабар доданд.
Дар доираи ин кумакҳо 500 ятим аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Ёвон, А.Ҷомӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайхун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон дар асоси пешниҳоди рӯйхатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 600 нафар кӯдакони ятим ба қайд гирифта шуданд.
Валид бин Абдулраҳмон Ал-Решайдон, Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар ин нишаст қайд кард, ки Марказ дар самти расонидани кӯмак дар саросари ҷаҳон ва тақсими одилонаи ин кӯмакҳо таҷрибаи бой дорад. "Мо бодиққат назорат мекунем, ки ин кумак воқеан чӣ гуна ва ба кӣ мерасад. Ба кӯдаки ятим аз суратҳисоби махсусе, ки дар Фонди давлатии амнияти иҷтимоии "Амонтабонк" кушода шудааст, маблағ дарёфт хоҳад кард. Аз соли 2016 ба ин сӯ аз ҷониби Маркази дастгирӣ ва кӯмаки башардӯстонаи Шоҳ Салмон ба Тоҷикистон кумак мерасонад”, гуфт Сафир
Лозим ба ёдоварист, ки бори аввал 4 феврали соли 2020 дар ин замина Созишнома ба имзо расид, ки марказ барои саробони кӯдакони ятим дар маҷмӯъ 811 ҳазору 996 доллар ҷудо мекунад. Дар назар аст, ки ин ин лоиха дар шаҳру навоии дигари кишвар дастгрӣ ёфта, амалӣ шавад.