Ҷасади духтарчаи 2-соларо пас аз 6 рӯзи гум шуданаш аз полези ҳамсоя пайдо карданд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ модар ва паиндари духтарчаро дар марги ин тифли бегуноҳ гумонбар дониста, ба ҳабс гирифтаанд.
Аз оташдон-печкаи манзили зисти модари духтарча устухонҳои ба устухон одам монанд пайдо шуда буданд ва муфаттишон гумон доштанд, ки зан бо ошиқаш кӯдакро кушта, ҷасадашро дар оташдон сӯзондаанд, вале...
Кӯдак қариб як ҳафта пеш, субҳи 25-уми январ гум шуда, натанҳо кормандони милитсия, балки ҳаққу ҳамсояҳо ва ихтиёриён низ дар бадали чанд шабонарӯз ин тифли маъсумро ҷустуҷӯ мекарданд. Пайдо шудани устухонҳои ба устухони одамизод монанд дар оташдони хонаи зане, ки кӯдакаш бе ному нишон гашта буд, муфаттишонро ба шуҳба андохт ва бо гумони содир намудани кӯштори кӯдаки ноболиғ модар ва паиндари духтарчаро ба ҳабс гирифтанд, аммо зан зор-зор гиря карда мегуфт, ки фарзандашро накуштаву чи тавр аз хона баромада рафтани духтарчаашро ҳатто пайхас ҳам накардааст, вале касе ба гапаш бовар намекард, аммо...
Ташхис нишон дод, ки устухонҳои аз печка ёфт шуда, устухони одамизод нестанд ва аслан ба кӯдаки гумгашта тааллуқ надоранд. Билохира, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ихтиёриён-волонтерҳо ҷасади духтарчаи гумгаштаро аз полези хонаи ҳамсояашон пайдо карданд. Мурдаи духтарча дар зери як қабат барф мехобид.
Соҳибони манзил қасам хӯраанд, ки дар ин қазия тамоман даст надоранд ва чӣ тавр дар замини боғи онҳо пайдо шудани ҷасади ин кӯдаки маъсумро намедонанд.
Ҳамсояҳо тахмин мекунанд, ки шояд мдар ҳанӯз ах хоб бедр нашуда, кӯдак сари субҳ аз хоб бедор шуда, ноаён аз хонаашон баромадаасту ба хонаи ҳамсоя омада, бар асари шамолу резиши бошиддати барф ба замин афтида, бо сабаби ниҳоят хурд буданаш дигар аз ҷояш хеста натавониста бошад. Онҳо мӯътақиданд, ки касе махсус ин тифли маъсумро кушта, ҷисми бе ҷони ӯро дар таги барф пинҳон накардааст, аммо муфаттишон то ҳол шубҳа доранд, ки духтарча бар асари хунукӣ мурда бошад.
Тафтиши ин ҳодиса аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия идома дошта, модар ва паиндари духтарча то ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки ба ғайр аз духтарчаи аз хунукӣ мурда, ин зан ҳамчунин 7-фарзанди дигар низ доштааст, вале бо сабаби аз ӯҳдаи нигоҳубини кӯдакон набаромаданаш бачаҳояшро аз дасташ гирифта ба ятимхона супурдаанд.
Ба иттилои ТАСС ва дигар сомонаву расонаҳои русӣ ин ҳодисаи нохуш дар маҳаллаи Холми Новгороди Русия рӯй дода, ҷисми бе ҷони духтарчаи нокомро, ки ҳанӯз ҳатто ду сола нашуда буд, баъди ташхис ба хок месупоранд.
Ф. Сатторӣ
Кӯдаки 2-соларо кӣ кушт?