sebiston july new
Кӯдаки 2-солаи тоҷик аз ошёнаи 4-ум афтид
507


Ба сари як оилаи муҳоҷири тоҷик дар вилояти Ленинград фоҷиаи сахте омада, кӯдаки 2-солаашон аз ошёнаи 4-ум ба замин афтидааст. Табибон вазъи саломатии тифлро бениҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ҳодиса дар шаҳри Николское дар ноҳияи Тоснои вилояти Ленинград сар зада, кӯдак аз тирезаи ошёнаи 4-уми бинои истиқоматӣ ба замин афтидааст. Тифли маъсумро бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи ноҳияи Тосно бурдаанд.

Тавре, ки “Невские новости” менависад, ҳодиса нисфирӯзии 9-апрел, тахминан соатҳои 13:50 дар кӯчаи Первомайская рӯй дода, бо сабаби кӯдакро бе назорат гузоштани модараш, тифлак аз тирезаи ошёнаи 4-уми бинои истиқоматиашон ба замин афтидааст.

Кӯдак бар асари афтодан аз баландӣ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, устухонҳояш шикастаанд ва мағзи сараш осеб дидааст.

Табибони рус вазъи саломатии тифлакро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.
Падару модари кӯдаки афтида зодаи Тоҷикистон буда, дар вилояти Ленинград иҷоранишин будаанд ва боз ду фарзанди 5 ва 4-солаи дигар низ доштаанд. Дар ин бора Бомдод хабар додааст.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД