Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 75)
01.04.2020
А. ҲОҶӢ
3397

(Идомааш)

 Муртазо илоҷе карда аз ҷояш нимхез шуданӣ буд, аммо дасту пои гипс кардааш имкон намедод, ки ҳатто дар ҷояш андаке тоб хурад. Шафоат ба ранги кандаи ӯ нигариста, дар дил афсӯс хурд, ки чаро ин хабари шумро ба ӯ расонд, аммо аллакай кор аз кор гузашта буд.

 -Наафаҳмидам, модарам мурд? Кай дар куҷо?...

 -Ммм..., не ман ҳамту гуфтам, ки модарат дар ғами ту ба мурдан наздик шудааст...

 -Не, ту гуфтӣ, ки модарат мурд. Канӣ вай?

 -Ммман намедонам, ман ҳамту гуфтам...

 -Не, ту инро ҳамту нагуфтӣ, балки бо дили пур гуфтӣ Шафоат. Канӣ модари ман, вай дар ин ҷост?

 Муртазо ҳарчанд ҳаракат кард, аммо аз ҷояш ҷунбида натавонист. Ду пой ва як дасташ дар гипс буд. Ӯ кушиш кард, ки ақаллан ба рӯи Шафоат нигоҳ карда ба ӯ савол диҳад, аммо духтар тарзе нишаста буд, ки рӯяш ба Муртазо намоён набуд. Ӯ ин корро махсус кард, зеро ёрои ба чашмони ӯ нигаристанро надошт. Дар дилаш ҳазорон бор худро нафрин мекард, ки чаро дар авҷи рашку пушаймонӣ ин суханонро ба забон овард. Акнун дигар умед ба Муртазо баста наметавонист, зеро ӯ нафари аввалине буд, ки ин хабари шумро ба вай расонд. Дигар роҳи пас гаштан нест...

 Муртазо аз хомӯш мондани Шафоат дарёфт, ки ӯ чизеро медонад ва шояд хабари расонидааш рост бошад, ҳарчанд дигар мадори сухан гуфтан надошта бошад ҳам, тамоми қувваташро ҷамъ карда гуфт:

 -Шафоат, ман медонам, ки ту чизеро аз ман пинҳон карда истодаӣ. Худат медонӣ, ки ман аз рӯи гуфти духтур ду ҳафта боз дар ин ҷо ҳастам ва як ҳафтаи аввал тамоман беҳуш будаам. Беҳтар мебуд, ки мемурдам. Мақсади худам ҳам аз зиндагӣ халос шудан буд, аммо Худо инро нахост. Парвардигор шояд мехоҳад барои сустиродагиам ранҷу азоби аз ин ҳам бештар кашида, дӯзахро дар ҳамин дунё бо чашми сарам бубинам. Ман туро гунаҳгор карданӣ нестам, ҳамааш айби худам, худро идора карда натавониста, худамро бо дасти худам ба ин ҳол гирифтор кардам. Маъюбу маслуқ шуда бошам ҳам, шукри Худо ақлу ҳушам дар ҷояш аст ва чӣ гуфтани туро фаҳмида истодаам. Шафоат, агар дар дилат нисбати ман ақаллан як зарра муҳаббат ва эҳтиром боқӣ монда бошад, росташро гӯй, ки ба модари ман чӣ шуд?

 Шафоат намедонист чӣ гӯяд, ин дам ҳамшираи шафқат Маҳина ба палата ворид гашт ва Шафоатро дида фиғонаш баромад:

 -Кӣ ба ту иҷозат дод, ки ба ин ҷо дароӣ? Ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

 Ӯ ба бемор наздик шуда, ба рангу рӯи аз пештара ҳам бештар коҳидаи ӯ нигарист ва чизеро пай бурда, теғ кашида ба Шафоат нигарист. Духтар маънии нигоҳи ҳамшираро фаҳмида бошад ҳам, худро ба нодонӣ зада, сарашро намебардошт. Ин дам аз тарафи кати Муртазо садои ба хиррос монанде баромад ва Маҳина гӯшашро ба Муртазо наздик бурд, то чӣ хостанашро фаҳмад.

 -Илтимос духтурҷон, ӯро наронед. Вай ба ман бояд як гапи муҳимро гӯяд,-базӯр садо баровард Муртазо.

 -Кадом гапи муҳим? Дар ҳолате, ки шумо доред, ягон чизи муҳимтар аз сиҳат шуда ба по хестанатон вуҷуд надорад. Ин духтар ба шумо чӣ ҳам гуфта метавонад?-Маҳина инро гуфта ба Шафоат рӯ овард ва бо оҳанги омирона гуфт:

 -Канӣ, аз ҷоят хеста аз дар баро! Ба назди беморон танҳо бо иҷозати духтур даромадан мумкин аст. Дар роҳрав навиштагӣ, ё ту саводи хондан ҳам надорӣ?

 Шафоат мисли гурбае, ки ӯро аз сари дастурхон меронанд, оҳиста аз ҷояш хеста ба тарафи дар равон шуд, вале садои хирросии Муртазо ӯро аз роҳ боздошт:

 -Бигӯ Шафоат, суханони охирини ту дар мавриди модарам рост аст?

 Маҳина баробари шунидани суханони Муртазо лаъличаеро, ки дар болои он доруҳоро меовард, ба тарафи Шафоат ҳаво дод, ки қариб ба пешониаш бархӯрда буд ва фиғон кашид:

 -Мараз, ту ба муаллим чӣ гуфтӣ?

 Шафоат, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, бо як ҷаҳиш худро ба дари баромадгоҳи ҳуҷра расонд ва бо модараш, ки аз дар даромаданӣ буд, бархӯрд. Аз шиддати ин бархӯрд очаю духтар қариб ба замин афтида буданд, аммо дар лаҳзаи охирин тавозуни худро нигоҳ дошта, мисли он, ки якдигарро ба оғӯш гирифта бошанд, дар остона бозувони ҳамдигарро маҳкам дошта рост истода монданд. Як лаҳза чашми Шафоат ба чашмони модараш бархӯрд ва дид, ки аз умқи онҳо оташи ғазаб фаввора мезанад. Духтар ба нигоҳи пурғазаби модараш тоқат накарда, дастони Ҳасратмоҳро раҳо намуд ва мисли паланги захмӣ, ки ҷон ба саломат бурдан мехоҳад, бо як ҷаҳиш худро аз дар берун гирифт...

 ***

 Садоқат ба болои ҷойгаҳ дароз кашида, дуру дароз ба чеҳраи Иқбол нигоҳ карда монд. “Биниаш хеле монанд, тарҳи рӯяш ҳам, аммо пилки чашмонаш ба худам рафтагӣ...” худ ба худ андеша кард ӯ ва ҳис кард, ки ғайриихтиёр Иқболро ба падараш монанд карда истодааст. “Аҷаб даврае буд, шиносоии ману Муртазо... Наход ҳамаи ин бо мо рӯй дода бошад? Магар ӯ набуд, ки дар давраи донишҷӯйӣ аз боғи шаҳрӣ барои ман гул канду як шабонарӯзро дар идораи милиса паси сар намуд? Магар ҳамин Муртазо набуд, ки ҳар бегоҳ то нисфи шаб дар паси тирезаи мо роҳи маро интизор мешуд ва пас аз ба хона даромаданам ҳам ба хотири ақаллан аз пушти тиреза дидани ман бо ҳар баҳона соатҳо дар ҳавлии бинои мо менишаст? Магар ҳамин Муртазо набуд, ки дар вақти дуҷон буданам намегузошт, ки ақаллан пиёлаи чойро аз болои дастурхон бардорам ва мегуфт, ки ин ба тую кӯдак зарар дорад? Наход одамизод ҳамин қадар дигар шавад? Ё ин ҷо ягон асроре ҳаст, ки ман намефаҳмам?” Садоқат лаб газида, болишти зери сари писарчаашро дурусттар кард ва боз сарашро ба болини худ гузошта, ғарқи дарёи андеша шуд: “Модарам иқрор шуд, ки ӯ маро таваллуд накардааст. Саг ҳам таваллуд мекунаду гурба ҳам, аммо ҳамон ҷонварон ақл надошта бошанд ҳам, бачаҳояшонро то калон шуданашон тарбият мекунад, пас чаро модари худам аз баҳри ман баромадааст? Шояд ман барои ӯ бори зиёдатӣ будаам? Инро танҳо раҳматии падарам медонист, вале вай ин асрорро бо худ ба гӯр бурд. Акнун ман то даме, ки зинда ҳастам, ҳамин модарамро модар мегӯям. Ба ман ягон модари дигар лозим нест! Модарам мегӯяд, ки бо Муртазо оштӣ шавам, чунки ӯ маъюбу маслуқ шудааст ва ниёз ба парастору нигаҳбон дорад. Аслан, ман бо Муртазо ҷанг нашуда будам, худаш занг зада, тариқи телефон талоқамро дод. Магар косаи шикастаро пайванд карда мешавад? Намедонам, чӣ кор кунам? Муртазо ягона марде аст, ки бо ӯ ҳамболин шудаам ва ҳарчанд ҳаракат кунам ҳам, ман ӯро аз дилам канда партофта наметавонам. Чаро вай худашро ба ҷарӣ андохт? Шояд виҷдонаш азоб доду ин дунёро тарк кардан хост ё нахост шарманда шавад? Албатта ҳамин тавр аст. Муртазо марди баномус аст, тобу тоқати шармандагиро надорад, вай ҳатто барои аз ҳамсоя табар пурсидан ор мекард. Мегуфт, ки дар хона ягон чизи хӯрданӣ набошад ҳам, бигӯй, ки ҳама чиз дорем. Чаро ман дар бораи вай ҳамчун шахси мурда фикр карда истодаам?...”

 Садоқат нафаҳмида монд, ки чӣ тавр хоб мижгонҳои дарози ӯро бо ҳам гиреҳ мекунад ва ӯ ба маконе сафар намуд, ки ҳар кас дар давоми як шабонарӯз чанд соат ба он ҷо меравад. Дар он макон вай боз худро дар оғӯши Муртазо, дар боғи шаҳрӣ дид...

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД