Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шудааст, ки гӯиё Майк Тайсон, муштзани касбӣ, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар вазни зиёд ва ҳунарманди 54-солаи амрикоӣ духтари калониашро бар ивази маблағи калон ба шавҳар додан мехоҳад.
Аввалин шуда хабаргузории “Adepanews” дар ин бора иттилоъ додааст. Манбаъ навиштааст, ки “ҳар марде Мишел, духтари калонии Майк Тайсонро, ки 136 кг вазн дорад, ба занӣ гирад, ҳунарманд ба ӯ 10 миллион доллари амрикоӣ мукофотпулӣ хоҳад дод”. Баъдан рӯзноманигорон санҷида баромадаанд, ки ҳунарманд Мишел ном духтар надорад ва ба касе низ 10 млн доллар ваъда накардааст. Ҳатто баъди паҳн шудани хабари мазкур чандин чеҳраҳои шинохтаи Амрико хостаанд, ки духтари Тайсонро ба занӣ гиранд, вале ҳунарманд ин овозаи бардурӯғро рад кардааст. “Ин як ҳазл буд.
Духтари ман бо марди дилхоҳи худаш хушбахт аст ва ба ягон марди дигар эҳтиёҷ надорад”,-гуфтааст Майк Тайсон. Зане, ки дар акс ҳамроҳи ҳунарманд мебинед, дар ҳақиқат духтараш буда, на Мишел, балки Мики Лорна Тайсон ном дорад ва 30-сола мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳунарманд дар умум соҳиби ҳафт фарзанд буда, як духтари ӯ соли 2009 дар синни 4-солагӣ бар асари як ҳодисаи нохуш аз олам гузаштааст.