Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дирӯз бо иштироки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пас аз навсозӣ дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Фарзанди ин овозхони шинохта – Муҳаммадрафии Кароматтуло ният дорад, ки дар ин коллеҷ ба донишҷӯён дарс диҳад.
Муҳаммадрафии Кароматулло зимни сӯҳбат бо хабарнигорон аз ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ изҳори хушнудӣ намуда гуфт: “Ҷаноби Олӣ зимни кушодани Коллеҷ беҳтарин суханонро гуфтанд. Мо, аҳли оила ба ин чорабинӣ даъватӣ будем. Чандин мутахассисони ботаҷрибаро дар он ҷо дида, хеле хушҳол шудем. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки дар ин даргоҳ мутахассисони хубро тарбият мекунанд...”
Дар идомаи суханаш Муҳаммадрафӣ афзуд, ки ба хотири гиромидошти номи падараш барои рушди ин Коллеҷи Санъат ба ҳама гуна кӯмак омодааст.
Бинои Коллеҷи мазкур дуошёна буда, аз таҳхона, толорҳои рақс ва навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст ва бо созҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои Коллеҷ моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, дар рафти сохтмони он 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғл ва маоши хуб таъмин шуданд.
Ёдрас мешавем, ки зиндаёд Кароматулло Қурбонов аз зумраи беҳтарин ҳунармандони тоҷик буда, 29-уми ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Кароматуллои Қурбон роҳбарии яке аз машҳуртарин дастаҳои эстрадии тоҷик-оркестри “Гулшан”-ро бар дӯш дошт, аммо қурбони дасисаи як тӯдаи авбош гашт. Замони ҷанги бародаркӯшӣ, аниқтараш рӯзи 18-уми октябри соли 1992 ин ҳунарманди варзидаву нотакрори тоҷик ҳамроҳи гуруҳи навозандагонаш зимни бозгашт аз як маҳфили арӯсӣ дар ҳудуди деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон аз ҷониби сарбозони қумандони хунмасте бо исми Восит тирборон карда шуданд. Аз ин дастаи ҳунарӣ он шаб танҳо як нафар ҷон ба саломат бурда, дигарон ҳама дар ҷойи ҳодиса шаҳид гаштанд.
Аз марги фоҷиабори Кароматуллои Қурбон 27- сол сипарӣ мешавад, аммо таронаҳои дилнишинаш аз қабили "Зиндагӣ", "Андак-андак", "Рақс бикун" ва ғайра то ҳол вирди забони хурду калон ҳастанд.
Фарзандони шодравон Кароматуллои Қурбон –Нозия ва Муҳаммадрафӣ касби падарро идома дода, миёни ошиқони савту наво ҳаводорони зиёде доранд.