sebiston july new
Канчита аввал СПИД шуд ва баъдан ҷинсашро дубора МАРД кард
3166

Ҳофизи австрягӣ Том Нойвирте, ки дар нақши Кончита Вурст дар озмуни “Евровидение” ғалаба карда буд, тасмим гирифт, ки ба таври қатъӣ симояшро иваз кунад. Ҳоло чеҳрааш камтар мардонатар менамояд.

Ҳофиз, инчунин, эътироф кард, ки дигар намехоҳад куртаи занона пӯшаду худро орою торо диҳад. Вурст гуфт: “имсол албоми нави ман мебарояд ва пас аз он образи Кончита пурра нобуд мегардад”. Аксҳои дар шабкаи “Instagram” нашргардида низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Кончита аллакай образи занонаро комилан тарк кардааст.

Баъзе аз мухлисони ситора дар зери аксҳояш навиштаанд, ки барои онҳо Кончита Вурст то абад “мурд”. Дар робита ба ин ӯ ба саволи журналист “Чаро рӯзҳои охир дар саҳна бо либоси занона баромад намекунед?” чунин посух дод: “Он чизе, ки ман мехоҳам ҳамон тавр мешавад ва кадом либосе, ки мехоҳам пӯшам, ин интихоби ман аст. Айни ҳол, мехоҳам мард бошам ва либоси мардона пӯшам. Ба ҳамин хотир, имиҷамро куллан иваз кардам”.
Нақши “Зани ришдор” ба Нойвирт муваффақияти ҳайратангез овард, ки қабал дар саҳна мисоли онро ҳеҷ кас надида буд. Том қисса мекунад, ки дар мактаб аз тарс ҳангоми дарс фақат қазои ҳоҷат мерафт, чунки ҳангоми танаффус, ҳамсабақон ва дигар талабаҳо гуруҳӣ ӯро масхара мекарданд. Волидайни Том дар аввал тасмими ӯро чандон қабул надоштанд, вале баъдан ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, Кончитаро духтари худ ном бурданд. Онҳо духтар надоштанд, барои ҳамин Томро ҳам духтару ҳам писари худ ном мебурданд.
Қаблан сомонаи "Знай.uа" хабар дода буд, ки Кончита Вурст боре дар сӯҳбат бо журналистон гирифтори бемории ВИЧ буданашро иқрор шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД