Arzon march 2024
Кампирҳои базморо
2724

Майсараву Моҳинур ду пири батадбири деҳа буданд ва дар тамоми ҷашну маросимҳо мардум онҳоро болгузар мекарданд. Синну соли ҳарду ба ҷое расида бошад ҳам, дугонаҳо гули сари сабади деҳа ба шумор мерафтанд. Аҷибаш он буд, ки биби Мйсара ва бибӣ моҳинур мисли дигар кампиракон фарбеҳ набуданд ва базӯр пояшонро аз по намекашиданд. Ин ду пиразан мисли духтарҳои ҷавон хушқаду қомат ва ба қавли маъруф мӯрчамиён ва чунон чаққон буданд, ки ҳатто духтарҳо ва ҷавонзанони деҳа ба онҳо баробар шуда наметавонистанд. Ягона камбудиашон он буд, ки бисёр гап мезананд, Худо накунаду ҳарду якҷо нишаста монанд, то бегоҳ чақ-чақ карда, чи хел гузаштани вақт ва фаро расидани намози шомро пай намебурданд. Майсарабибӣ кампири ҳазлгӯй ба қавле “қизиқчӣ” буд, холаи Моҳинур бошад, хеле овози ширин дошт ва ҳунари сарояндагӣ дошт.

Дугонаҳо занҳои маҳалларо ҷамъ карда, маҷлис гузарониданду аз ҷашнгирии Наврӯзи Аҷам ва пухту пази таомҳои наврӯзӣ, аз ҷумла, суманак гап кушоданд. Ҳамасола дар деҳаи Боботағо ин иди аҷдодӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд ва роҳбарии маъракаро маҳз ҳамин ду кампирони корчаллон ба ӯҳда доштанд.

Чойхонаи деҳа барои ин чорабини хеле муносибу мувофиқ буд, ҳам ҷойи таърихӣ ва ҳам саҳнаи калоне дошт, ки баҳузур одамон ёлу бар мезаданд – мерақсиданд. Дар чунин рӯзҳо мардумони дигар деҳаҳо низ бо ҳавас ба тамошои базми наврӯзии бобтоғиҳо меомаданд.

Маслиҳати занон пухт ва бо ҳавас чойхонаро бо сӯзаниву гулдӯзӣ оро дода, дар як тараф гулҳои баҳорӣ, дар дигар тараф дастархонро бо ҳафт сину ҳафтшин оростанд. Булбулу тӯтӣ, саъбаву кабк ҳам нағмасароӣ карда, ба хурсандиашон шодишарик мешуданд.

“Э-ҳе-ҳе­-ҳе-ҳей, Наврӯз омад” - гуфтани духтаракону писаракон аз теппаи балане ба гӯш мерасид.

Садои карнаю сурнай доираву таблак то деҳаҳои дигар расида, онҳоро ба ин базми бошукӯҳ даъват мекарданд.

Майсараву Моҳинури сертараддуд гоҳ гирди хони наврӯзӣ, гоҳ сари суманак буданд ва гоҳи дигар зери садои карнаю сурнай бо шавқу завқ мерақсиданд.

Баногоҳ набераи кампири Майсара аз куҷое тозон омада, аз домани бибияш кашид:

-Бибиҷон, шӯракатон хушк шуд. Ҳезуму кундаҳое, ки ҷамъ карда будем, Қобил-амак дуздида, ба бозор бурдааст. Ҳозир ӯро маст дидем. Аз “шот”-и базми кампирако мо ҳам дам гирифтем” – гуфта хандид.

- Ваҳ...-Тарбуз аз бағали кампир афтид, охир ин ҳезумро бо як азоб ҷамъ карда буданду дар ин айём имкони ёфтани кундаҳо хеле кам буд. Ин хӯроки “дертаслимшаванда” бояд як шабонарӯз дар болои оташ истад, акнун суманакро бо чӣ мепазаннд?!

-Вай, башараякашба лаънате..., ин марди майзада набиёд гуфта будам,-мад кашида гуфт кампир, вале кор аз кор гузашта, ягон чораи фаврӣ андешидан лозим буд...

Дар як дам ин хабар ба кампири Моҳинур ва меҳмонону мизбонон расида, ҳамаро ба дарёи фикру хаёл ғарқ кунонд. Акнун аз куҷо ҳезум меёбанд? Зимистони қаҳратуни имсола ҳамаро бе ғӯлачуб монда буд. Кампири Моҳинур баъди чанде “илоҷашро ёфтам” гуфта, гӯштеро, ки як соат боз ин тарафу он тарафи даҳонаш мебурд, оқибат фурӯ бурд.  Болову поин шудани лунҷҳои кампир ҳозиринро механдонд, вале ҳоло касе ҷуръати хандидан намекард ва хурду калон чашм ба даҳони кампир дӯхтанд.

Момаи Моҳинур бурида овардани як дарахти лаби ҳавзро, ки ба боғи назди ҳавлигии Қобилино дохил мешуд, маслиҳат дод.

Қобили алкаш  “инсоф кунед, охир он дарахт аз они мардум аст”  мегуфт ба пояш базӯр истода, вале касе ба ҳарфаш гӯш намедод. Кампири Майсараба сари Қобил-алкаш дод зада гуфт:

-Даматро гир, маймун! Боз ҳаққи мардум мегӯяде. Пас, чаро ҳезуми суманакро дуздидӣ?!

Қобил худро ба карӣ зада, чунон вонамуд крад, ки гӯё суханони кампирро нашунидааст, вай ҳамно илтимос мекард, ки дарахти нима хушку нима тари ҳотаашро набуданд.

Ба Қобил касе кор намегирифт, зеро замоне аз падари саховатманд ва модари ғуррамаргаш некиҳои зиёде дида буданд.

Занони маҳалла ба суханони ин ҷавони майзада аҳамият надода, зуд  ҷавонписаронро барои бурида овардани ғӯлачӯб фиристоданд.

Ҳамин тавр ба зудӣ ҳезуми зарурӣ ҷамъ шуд ва ба таги дег алав сар доданд.

Дугонаҳо “Бисмиллоҳ” - гӯён ба пухтани суманак шурӯъ намуданд. Баъди се-чор соат кампирон аз сари дег хеста, барои ҷавонон ҷой холӣ карданд. Духтарону писарон дар дил орзуҳои ширин карда, бо навбат деги суманакро ба ният мекофтанд.

Аз дохили хонасадои қаҳ-қаҳаи занон баланд шуд, бегумон кампири Майсара дар бораи ҳамдеҳагонаш латифа гуфта, ҳамаро механдонд.

“Рӯзе ҳамин Қобили майзада дар таги як дарахт нишаста арақмехӯрд ва худ ба худ гап мезад. Маро дида, бо ханда гуфт: “Бибии Майсар, шумо ҳамеша ба ман мегуфтед, ки солат гов аст, ҳамин хел то хир гов мемонӣ!” Лабамро бурма карда гуфтам: “Хайр, баъд чӣ?”. Ин алкаш ваҳоҷати ҷиддӣ гирифта гуфт: “ Ман соламро дигар кардам! “ Пурсидам, ки хайр, чӣ кардӣ. Меднед дар ҷавоб чӣ гуфт? Хар!”

Садои қаҳ-қаҳа баланд шуд, мардум аз ханда қариб рӯдакан шуда буданд ва шикамашонро дошта механдиданд.

Навбат ба кампири Моҳинур расид ва ӯ доираро ба даст гирифта ба сурдхонӣ даромад:

-Ҷонона баҳор шудасту кай меойӣ,

Фасли гули хор шудасту кай меойӣ.

Занҳо ба рақс медаромад, қариб як соат рақсу бозӣ краданд, вале баъд аз дангар-дунгур монда шуда, боз ба сари деги суманак омаданд ва ба сангпартоӣ сар краданд. Занҳои нисбатан калонсол ба писарону духтарони қадрас: “Ният кунед, амалӣ мешавад” – гуфта, онҳоро ба қавле шерак мекарданд ва ҳар кас дар дил ният карда, ба деги суманак санг мепартофт. Шағ-шағ дег дар авҷ буд. Яке сарватманд шудан, дигари расидан ба шаҳзодаи орзуҳо ва саввумӣ ҳамаи саодати дунёро мехост...

        Дугонаҳои ҷонӣ кампири Майсараву Моҳинур ҳамоно манаҳ мезаданд ва то дамидани субҳ ашӯла хонда, қисса мегуфтанд. Дамидани субҳи содиқ низ онҳоро боз надошт.

Майсараву Моҳинур дар ҷавонӣ ҳам аз гап задан монда намешуданд ва мудом пойи ҳамаро хоида, аҳли деҳаро “ғайбат” мекарданд. Вақте ки ғайбати ҳамдеҳагон ба охир расид, ба деҳаҳои гирду атроф гузашта, қиссаҳои аҷоибу ғароиби зиёдеро ба ҳамдигар нақл мекарданд. Волидонашон 65-сол пеш, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ин ду духтари сергапро подабонӣ  фиристо буданд. Ҳамн рӯз ҳарду дар лаби ҷӯйбор нишаста, мисли ҳарвақта ба қиссагӯӣ сар карданд ва сӯҳбаташон якбора чунон қӯр гирифт, ки чӣ тавр бегоҳ шудани рӯзро нафаҳмида монданд. Баногоҳ бинанд говҳояшон нест. Дар аввал фикр карданд, ки пода ба саҳро нарафтааст, лекин дурусттар ба гирду атрофашон чашм дӯхта, фаҳмиданд, ки рӯз кайҳо бегоҳ шуда, аллакай пардаи торикӣ фаромадааст ва пода худаш ба деҳа баргашта, гову моли мардум ба хнаи соҳибонашон рафтаанд.

Хуллас, ҳамон рӯзи наврӯзӣ боз Қобили ноқобил аз куҷое пайдо шуд:

- Як кори зӯр кардам, дӯстон! – алами дарахтбуриро фаромӯш карда, бепарвоёна хитоб кард вай ба аҳли деҳа.

-Ҳа, боз чи кор кардӣ?! – пурсид касе сахт карда.

Ҷамоат хомӯш шуда, ба ӯ нигаристанд.

- Модарамро ба Наврӯз овардам, пешвозаш бигиред, - гӯён, Қобил  расми фарсудаи модари раҳматияшро аз кисааш бароварда нишон дод ва баъд онро ба чодари гулдӯзӣ овехтан хост.

Ҳамагӣ аз хандаю шӯхӣ лаҳзае лаб бастанд.

Кампири Моҳинур аз дасти Қобили бадмаст, ки базӯр сари по меистод, расми модари ҷавонмаргашро гирифт ва онро дар болои чодар часпонда, амр намуд:

- Хезед, хезед! Аз суманаки навпӯхта ва далдаю нон аввалтар аз ҳама ба бечорагону камбағалони гузар тақсим кунед. Илоҳӣ, Худованд ҳамаи гузаштагони мову шуморо раҳмату мағфират кунад. “Омин”

Ҳамагӣ даст ба рӯ кашида, аз пушти кор шуданд.

Қобили бадмаст дар гӯшае шикамсерӣ ошу нон мехӯрд ва аз сарҷамъии ҳамдеҳагонаш завқ мебурд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД