arzon replenishment
Каду ҷисмро тозаю иммунитети инсонро пурқувват месозад
1312


Аксарият ба каду назарногирона менигаранд, вале дар таркиби ин сабзавоти оддӣ моддае бо номи карнитин мавуд аст, ки ҷисми моро саршор аз нерӯ ва энергияи нав мегардонад.

Каду ҷисми инсонро аз дарун тоза карда, ифлосиҳо (шлаки)-ро мебарорад ва кори майнаи сарро ба низом медарорад.

Каду дар таркибаш ҳамчунин витамини К дорад, ки барои мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти бонизоми гурдаҳо бениҳоят зарур мебошад. Бартарии дигари каду дар он аст, ки дар таркибаш ба миқдори зиёд альфа ва бета-каротин дорад.

Ин моддаҳо барои биноии чашм, рушди ҳуҷайраҳо ва пурқуват шудани системаи муҳофизатии организм, яъне иммунитети инсон бениҳоят зарур мебошанд.

Ҳамагӣ ним истакон шарбати кадуро бо ду қошуқ асал омехта карда нӯшед, асабро ором намуда, ба шумо эҳсоси фараҳу шодӣ мебахшад.

Ба шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд ё сатҳи холестерин дар хунашон баланд аст, хӯрдани донаки каду маслиҳат дода мешавад.

Кадуро дар бисёр намуди таомҳо истифода бурдан мумкин аст. Ҳоло, ки фасли тирамоҳ ва каду фаровон мебошад, бештар мантуи кадугӣ пухта хӯред ва аз каду ҳар хел хӯрокҳои лазиз омода намоед, то ки аҳли хонадони шумо солиму бардам гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД