arzon replenishment
КАДОМ МЕВАҲО БОИСИ ПАЙДОИШИ АЛЛЕРГИЯ МЕГАРДАНД?
728


Меваю сабзавоти тару тоза аз витамину минералҳо саршор буда, ба саломатии инсон фоида доранд, вале баъзан хурдани мевагӣ касро ба аллергия гирифтор месозад.

Ин ҳолат бештар бо кӯдакон рӯй медиҳад. Чаро чунин мешавад?

                     Фруктоза гунаҳкор
Гап дар сари он аст, ки дар таркиби меваҳо дар баробари витамин ва минерал ва микроэлементҳои муфид ҳамчунин фруктоза ва кислотаҳое мавҷуданд, ки боиси пайдоиши аллергия гашта метавонанд.
Чаро меваҳои субтропикӣ аллергия медиҳанд?
Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бештар истеъмоли меваҳои экзотикие, ки аз мамолики гарми тропикӣ ва субтропикӣ ба кишвари мо оварда шудаанд, боиси сар задани аллергия мегардад. Барои он ки меваҳоро кирм нахӯрад, напӯсанд ва бе нуқсон то ҷойи лозимӣ рафта расанд, маъмулан онҳоро пеш аз муҳлат чида, ҳар хел заҳру доруҳои кимиёвӣ мепошанд. Ба баъзе меваҳо ҳатто газҳои махсус мепошанд. Албатта ҳамаи ин боиси пайдо шудани аллергия пас аз истеъмоли чунин меваҳо мегардад.

Ногуфта намонад, ки чангу хоки дар тӯли роҳ ба рӯйи меваҳо нишаста низ аллергияро ба вуҷуд оварда метавонанд. Аз ҳамин хотир, қабл аз хӯрдан меваҳоро ҳатман тоза шуста, пӯсташонро гирифтан лозим аст .
Кадом меваҳо аллергияро ба вуҷуд меоранд?
Акнун меоем сари асли матлаб-кадом меваҳо аллергияро ба вуҷуд меоранд?

Беш аз ҳама меваҳое, ки рангашон сурхи баланд, зард ё норинҷӣ аст, аллергияро ба вуҷуд меоранд. Ба қатори чунин меваҳо дохил мешаванд:

  1. Меваҳои ситрусӣ-апельсин, мандарин, лимӯ.
    2. Себ-махсусан себҳои кабуд аллергияи сахтро ба вуҷуд меоранд.
    3. Банан.
    4. Киви.
    5. Манго.
    6. Папайя.
    7. Ангур.
    8. Нок.
    9. Харбуза.
    10. Қулфинай.

Баъзан пас аз хӯрдани шафтолу, зардолу, олуболу ва олуча низ дар бадани кас аллергия дамида метавонад.
Кадом меваҳоро хӯрдан мумкин аст?

Албатта гуфтаҳои мо чунин маъно надорад, ки аз тарси аллергия шумо набояд ягон намуди мевагиро истеъмол намоед. Маъмулан организми инсон метавонад ба як ё ду намуди мевагӣ ҳассосият дошта бошад. Ҷисми шумо маҳз ба кадом мева аллергия дорад, инро танҳо табибони аллерголог муайян карда метавонанд.

Шахсоне, ки аллергия доранд ва сабабашро намедонанд, то аниқ шудани сабаби пайдоиши аллергия аз хӯрдани меваҳои рангашон сурхи баланд, зарди тиллоӣ ва норинҷи худдорӣ намоянд ё ин меваҳоро камтар истеъмол кунанд, беҳтар аст. Меваҳои дигарро шумо метавонед бидуни ягон тарсу ҳарос истеъмол намоед.

Барои пешгирии аллергия метавонед ҳамчунин меваҳоро ҷӯшонда, обашонро (компот) бинӯшед. Вақте ки шумо меваро меҷӯшонед, аллергенҳояш несту нобуд мешаванд. Аз себ ва нок шумо метавонед ҳар хел қандинаҳо пухта хӯред. Дар гармии тафдон аллергенҳо мемиранд ва шумо аз аллергия дар амон монда, аз хӯрдани ширинии лазизи мевагӣ лаззат мебаред.

              Нишонаҳои аллергия аз мевагӣ
Аллергия аз мевагӣ пайдо шудааст ё аз ягон чизи дигар? Барои инро фаҳмидан, шумо бояд ба нишонаҳои беморӣ диққати махсус диҳед. Нишонаҳои асосии аллергияи аз мевагӣ пайдошуда инҳоянд:
1. Пайдо шудани эҳсоси сихзанӣ дар даҳон.
2. Варам кардани гулӯ.
3. Варам кардани лабҳо.
4. Вайрон шудани кори узҳои ҳозима.
5. Дилбеҳузурӣ ва қай кардан.
6. Шикамрав шудан ё баръакс сахт шудани дарун.
7. Маҳкам шудани бинӣ ва атсазании бардавом.
8. Рафтани об аз чашмони одам.
9. Пайдоиши сулфаи хушк.
10. Баромадани доначаҳои сурхак ва сӯзишу хориши пӯст.

Омилҳои пайдоиши аллергия дар кӯдакон

Аллергия хислати ирсӣ низ дорад, агар яке аз волидони кӯдак аз ин ё он намуди мева аллергия дошта бошад, фарзандаш низ ба ҳамон чиз ҳассосият пайдо карда метавонад. Дар ин ҳолат меваҳои рангашон сурх, зард ва норинҷиро хеле эҳтиёткорона пас аз 4-6 моҳагӣ ба ғизои кӯдак кам-кам дар шакли пюре ворид кардан лозим аст. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои аллергия сари вақт ба духтур муроҷиат намоед. Табиб баъди тахшис сабаби аллергияро аниқ намуда, ба шумо маслиҳат медиҳад, ки кадом меваҳоро метавонед ба фарзанди худ диҳед ва аз кадом меваҳо эҳтиёт шавед. Дар сурати аз мева аллергия доштанаш ба кӯдак бештар сабзавот додан лозим аст, то ки ҷисмаш бе витамин намонад. Бо тавсияи табиби кӯдакона шумо метавонед ба кӯдакатон комплекси витаминҳоро дар шакли ҳаб ё қатрадору диҳед.

                    Табобати аллергия
Шумо нишонаҳои аллергияро дар худ ё наздиконатон пай бурда бошед, бояд ҳатман ба табиби аллерголог муроҷиат намоед. Духтур пас аз муоина ташхисҳои заруриро анҷом медиҳад ва сабаби пайдо шудани аллергияро муайян менамояд. Ба ғайр аз тестҳои махсусе, ки барои дақиқ кардани сабаби аллергия ба кор бурда мешаванд, дар баъзе ҳолатҳо аз мариз хун мегиранд ва ташхисҳои дигарро анҷом медиҳанд.

Пас аз аниқ шудани сабаби пайдоиши аллергия табиб ба шумо доруву дармони мувофиқ мефармояд. Аксаран барои табобат доруҳои антигистамини таъин менамоянд. Дар пӯсти шумо аллергия дамида бошад, малҳам ва мазҳои зидди аллергияро бо тавсияи духтур истифода бурда, аз хоришу сӯзиши пӯст халосӣ хоҳед ёфт.

Дар охир хотиррасон менамоем, ки барои халосӣ аз аллергия дар давраи табобат натанҳо аз истеъмоли меваҳое, ки боиси ҳассосият мегарданд, балки аз хӯрдани донагиҳо, чормағз, шоколад ва тухм низ худдорӣ кардан лозим аст.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД