Arzon march 2024
Кадом бемориҳо дар баҳор авҷ мегиранд?
1007

 

Инак, фасли баҳор низ фаро расид. Баҳорро арӯси сол меноманд, зеро дар ин фасли мӯъҷизакор табиат дубора зинда шуда, замину замон гулпӯш мегардад, вале...

Муттассифона, баҳор мушкилиҳои худро дорад. Гап танҳо дар селу жола нест, бемориҳое ҳастанд, ки маҳз дар ин фасли сабз хурӯҷ карда, бештар аз боду боронҳои баҳорӣ моро азият медиҳанд. Ин бемориҳои баҳорӣ кадомҳоянд ва барои пешгириашон чи бояд кард?

1. Бемориҳои меъдаву рӯда
Гастрит, гастроэнтерит, колит ва захми меъда аз зумраи бемориҳои маъмулии меъдаву рӯдаанд, ки бештар дар фасли баҳор хурӯҷ мекунанд. Табибони гастроэнтеролог сабаби инро дар суст шудани фаъолияти узвҳои системаи ҳозима, тағйиротҳои мавсимӣ, тезоби меъда ва норасоии витаминҳои В ва С маънидод менамоянд, ки барои пардаи луобии меъда хеле заруранд.
Барои пешгирӣ чи бояд кард?
Барои пешгирии хурӯҷи бемориҳои рӯдаву меда дар фасли баҳор қабл аз ҳама ба реҷаи хӯрокхӯрӣ риоя намуда,аз истеъмоли ғизоҳои сахт, бирёнӣ, серравған, турш, тунд, тез худдорӣ кардан лозим аст. Кӯшиш кунед, ки асабонӣ нашавед, зеро маҳз стресс ва асабоният боиси хурӯҷи бемориҳои меъдаву рӯда мегардад.
Бо зуҳури нишонаҳои аввалини беморӣ аз қабили зардаҷӯш ва талхшавии даҳон фавран ба духтур муроҷиат намоед.
Дар сурати пайдо шудани дарди шадиди халанда дар қисмати болоии шикам, паридани ранги рӯй ва арақи сард кардани бемор фавран ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед, зеро ин нишонаҳои захми меъда аст, ки дар хона табобат карданаш душвор мебошад.
2. Шамолкашӣ ва зӯком
Бо дидани офтобаки баҳорӣ аксари одамон дарҳол либосҳои зимистонаи худро бо либоси тунук иваз мекунанд, вале ҳавои баҳор мисли табъи нозуки занон зуд-зуд тағйир меёбад. Офтоби заркокул бо лабханд ба мо менигарад, вале ҳаво метавонад якбора сард шуда,борон ё жола борад. Албатта пасту баланд шудани ҳарорати ҳаво ба саломатӣ бе асар намемонад ва ҷисми бе ин ҳам заифгаштаи инсон ба зудӣ шамол кашида, бемор мешавад.
Барои пешгирии шамолкашӣ ва зуком чи бояд кард?
1. Либоси гарм пӯшед
2. Хӯрокҳои серкаллория истеъмол намоед.
3. Барои ҳар як майда-чӯйда асабонӣ нашавед. Фаромӯш насозед, ки асабоният душмани иммунитет буда, қувваи муҳофизатии организмро суст мекунад.
3 Аллергия
Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ 20%-и аҳолии кишварҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пеш рафтаанд, аз аллергия азият мекашанд, вале олимон мегӯянд дар асл шумораи гирифторони ин беморӣ хеле бештар аст. Аллергия махсусан дар фаслҳои беҳор ва тирамоҳ хурӯҷ мекунад. Хориши гулӯ, обравӣ аз чашмон, атсазанӣ ва маҳкам шудани бинӣ бо сабаби аллергия касро бисёр нороҳат месозад.
Барои пешгирии аллергия чи бояд кард?
Барои пешгирии хурӯҷи аллергия дар фасли баҳор ба қоидаҳои зерин риоя намудан лозим аст:
1. Нисфирӯзӣ ба сайругашт набароед, чунки дар ин вақт чангу ғубор дар ҳаво хеле зиёд мешавад. Дар рӯзҳои офтобӣ барои ҳавохӯрӣ ба кӯча субҳ ва ё шом баромадан мумкин аст.
2. Ба кӯча бе айнак набароед-айнакҳои офтобӣ ё маъмулӣ чашмони шуморо натанҳо аз нури офтоб,балки аз чангу ғубор низ хеле хуб муҳофизат мекунанд.
3. Пас аз бозгашт аз кӯча ҳатман дасту рӯятонро шуста даҳону биниатонро чайқонед.
4. Ба тирезаҳо тӯри аз ҳашарот муҳофизаткунанда часпонед.
5. Манзили худро ҳар рӯз поккорӣ кунед, то ки чангу ғубор боиси сар задани аллергия ва поллиноз нагардад.

4. Бемориҳои асаб
Дар фасли баҳор ҳатто одамоне, ки асаби хеле мустаҳкам доранд, ба касалиҳои асаб гирифтор шуда метавонанд. Сабаби инро табибон дар вайрон шудани соати биологӣ, дарозтар шудани рӯзҳо, тағйирёбии боду ҳаво ва норасоии витаминҳо медонанд.
Барои пешгирӣ чи бояд кард?
1. Шабҳо барвақттар бихобед.
2. Кӯшиш кунед, ки то ҳадди имкон дар ҷойи кор монда нашавед.
3. Вақте эҳсос мекунед, ки сахт хаста шудаед, ҳатман ақаллан як ҳафта рухсатӣ гирифта дам гиред, то ки асабатон ором шавад.
4. Бештар бо дӯстонатон вохӯрда сӯҳбат ороед. Дарди дил кардан асабро ором ва табъи касро болида мегардонад.

5. Мушкилоти пӯст
Экзема, псориаз, нейродермит, витилиго, нарак, пайдо шудани доғҳои зиёд дар пӯсти рӯй ва демодекоз (шабушки зери пӯст) аз зумраи бемориҳои маъмулии пӯст мебошанд, ки дар фасли баҳор бештар хурӯҷ мекунанд. Сабаби ин бемориҳоро табибони соҳа дар намнокии зиёд маънидод менамояд. Бемориҳои пӯст бештар дар наврасон ва занони синну солашон 20-40 сола мушоҳида шуда, боиси асабоният ва нороҳатӣ мегарданд.
Барои пешгирӣ чи бояд кард?
1. Барои пешгирии мушкилоти пӯст дар фасли баҳор бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намуда, шабона тирезаро кушода мондан лозим аст.
2. Шумо бояд ба парез риоя карда, аз хӯрдани хӯрокҳое, ки боиси пайдоиши хоришак ва аллергия мегарданд, худдорӣ намоед.
3. Шабона, пеш аз хоб ваннаи гармак гирифта, ба об гиёҳҳои шифобахш андозед.
4. Бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои бемориҳои пӯст ҳатман ба духтурми дерматолог муроҷиат кунед.

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД