Кадбонуҳои Истаравшан чӣ гуна “самбӯсаи варақӣ” мепазанд?
04.09.2025
Oila.tj
462

Ҳар як минтақаи Тоҷикистон хӯрокҳои махсуси худро дорад, ки маззаву лаззати ба худ хос доранд. Имрӯз мо ба шумо - хонандагони азиз дар боби як навъа самбӯсаи варақӣ маълумот медиҳем, ки бонувони Истаравшан онро бо маҳорати махсус мепазанд.

Маҳсулоти лозима:

1,5 кг орди навъи якум, 1 кг равғани пахта, 100 грамм равғани маска ё равғани гов, 10 дона тухм, 1 қошуқча сода, якуним коса намакоб (намакро бо оби гарм омехта мекунанд), 1 пиёла қанди сафеди кӯфта ё сахарная пудра, 1 кг гӯшт барои қимма, 3-4 кг пиёз, мурч ва зира мувофиқи хоҳиш.

Тарзи таҳия:

Ордро бехта ба он намакоб андозед ва 10 дона тухмро илова намуда, сода ва равған андохта, хамир шӯред. Хамирро хуб мушт кунед, то ки зувола хуб барояд. Хамир ки тайёр шуд, онро каме дам диҳед.

Шумо метавонед то тайёр шудани зувола пиёзро пӯст ва реза карда, гӯштро аз гӯштқиммакунак гузаронед ва ҳамаашро омехта карда, мурчу зира пошида, қиммаи самбӯсаро тайёр кунед.

Пас аз ин хамирро ба ду зуволаи баробар тақсим карда, зуволаҳоро дар алоҳидагӣ калон-калон тунук кунед. Ба зуволаи аввалӣ равған молида, зуволаи дувумро ба болои он гузоред ва ҳардуро ба ҳамдигар часпонед. Сипас онро дар рӯйи тахта боз карда, чорқат карда, дароз чор-панҷ маротиба қат кунед ва тахминан дуваҷабӣ бурида, дуқат карда гузоред. Дар хотир дошта бошед, ки зуволаи самбӯса чӣ қадаре нағз боз шавад, варақи он ҳамон қадар зебо мебарояд. Ба дохили зуволаҳо қиммаи тайёркадаатонро монда, ба болояш тухм молида, самбӯсаҳоро дар дег пазед.

Бояд самбӯса дар равғани бисёртар пухта шавад, то варақҳои он зебо барояд. Самбӯса, ки омода шуд, ба рӯйи он қанди кӯфта пошидан мумкин аст.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД