-Наврӯз муборак бошад!
-Як ҷаҳон ташаккур! Ба кулли кормандону мухлисони сомонаи Оила ва ба ҳамаи ҳамватанон Наврӯзи оламафрӯзро муборакбод мегӯям!
-Гуласалбону маъмулан шумо иди Наврӯзро чӣ гуна таҷлил мекунед?
-Ман ҳар сол дар Наврӯз хеле серташвиш ҳастам. Ба ин ид чанд моҳ қабл омодагӣ мебинем, чунки Наврӯз яке аз қадимтарин ва зеботарин идҳои мардумони ориёинажод буда, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Гоҳо чунин мешавад, ки чанд ҳафта наздиконамро ба серӣ дида наметавонам, чунки баромадҳои зиёде дорам.
-Ягон бор Наврӯзро дар хориҷа ҷашн гирифтаед?
-Не! Дигар идҳо, аз ҷумла соли нави мелодиро дар дигар давлатҳо ҷашн гирифтан мумкин аст, вале иди Наврӯзро ҳамеша дар Ватан, дар Тоҷикистони азизамон ҷашн мегирам, чунки ин ид сирф миллӣ аст. Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст, чаро ба давлати дигар равем?!
-Дар хона дастурхони Наврӯзӣ меороед?
-Новобаста ба серкорӣ дар хона ҳамеша таомҳои миллӣ пухта, дастурхони идона меороем, зеро ҳар қадар хони наврӯзӣ пурғановат бошад, ҳамон андоза хонадони инсон бофайзу бобаракат мешавад. Ман модари 2 фарзанд ҳастам ва кӯшиш мекунам, ки вақт ёфта, дар рӯзҳои Наврӯз кӯдаконамро ба тамошо барам, то каме ҳам бошад, шодиву хурсандӣ кунанд.
-Суманак яке аз рамзҳои асосии Наврӯз аст, вале ба фикрам шумо барои пухтани суманак вақт надоред...?
-Қурбони аҳли фаҳм шавам. Бале, ёфтед. Иқрор мешавам, ки дар умрам ягон бор худам суманак напухтаам, вале модарам ҳар сол бо дасти худашон барои мо-фарзандон суманак мепазанд ва ба ҳаққу ҳамсояҳо низ тақсим мекунанд. Ин анъана аз замонҳои қадим ба мо мерос мондааст, шахсе, ки суманак мепазад, бояд онро бо хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо тақсим кунад. Худам суманак напазам ҳам, ҳар сол дар дастурхонам суманак ҳаст.
-Кори эҷодӣ аз кас нерӯи зиёдеро талаб мекунад.
Хастагиатонро чи гуна мебароред?
-Ман хастагии кориву эҷодиро танҳо бо хандаҳои ширини кӯдаконам аз дил берун мекунам. Вақте бо онҳо бошам, умуман мондашавиро ҳис намекунам. Ин ҳиссиёт ба ягон модар бегона нест. Аслан модарон дар ин дунё барои фарзандонашон нафас мекашанд. Ҳаёти зан фақат бо фарзанд зебо аст.
-Душвор нест ҳам бонуи хонадон ва ҳам санъаткор будан?
-“Хушбахт зиндагӣ кардан хоҳӣ, касби дӯстдоштаатро интихоб кун” - гуфтаанд. Вақте инсон бо касби дӯстдоштааш машғул аст, дилгир намешавад. Ман ҳам оилам ва ҳам касбамро дӯст медорам, аз ҳамин хотир душвориҳои касбию зиндагӣ ба назарам наметобанд.
-Ба мардуми тоҷик дар иди Наврӯз чӣ таманно доред?
- Ман ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон саломативу зиндагии осоиштаро таманно мекунам. Орзу мекунам, ки дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат поянда ва ҳамеша тинҷиву осудадагӣ ҳукмфармо бошад. Бигзор ҳар рӯзи мо-тоҷикон Наврӯз бошад ва танҳо шодиву хурсандӣ кунем.