Sebiston new 2024 october
ҚИССАИ ШАБ: Шавҳардори бешавҳар ва ё зани оқипадар …(ҚИСМИ 1)
5300

Сабрина: “Ман бадбахти якумраам”

Волидонам нагузоштанд, ки таҳсил кунаму соҳиби маълумот гардам ва соли 1978 маро ба шавҳар доданд. Пеш аз издивоҷ ӯ маро девонавор дӯст дошт ва бо ишқу муҳаббат оила бунёд сохтем. Баъди тӯй шавҳарам иҷозати таҳсил дод ва омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда, соҳиби маълумот гаштам.

Понздаҳ соли зиндагии мо на моҷаро дошту на камбудӣ. Ҳар кореро анҷом медодем, ба маслиҳату машварати якдигар мекардем. То соли 2009 дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекардам. Вақтҳои охир дасти чапам худ ба худ меларзид ва чизеро хуб дошта наметавонистам. Дар беморхона бо чунин аҳвол кор кардан ғайриимкон буд. Зеро амалиётҳои ҷарроҳӣ ва бандина кардан ба чунин аҳвол барои саломатии беморон хатарнок буд.

Баъди соли 1993 шавҳарам тамоман тағйир ёфт. Ягон ҷо кор намекард ва вазифаи падариашро иҷро намекард. Барои фарзандонам ҳам падар будаму ҳам модар. Ҳамон солҳо бо як марди шиносаш қассобӣ мекард, ба ҳама корҳои паст даст мезад ва арақ менӯшид.

 

Ба хотири пешбурди зиндагии худу фарзандонам дар бозорҳо ба ғайр аз дуздиву муттаҳамӣ ҳамаи корро анҷом додам.

Ду маротиба барои кори савдо ба шаҳри Волгогради Русия рафтам. Мақсади сафарам тиҷорат буд. Аз Тоҷикистон ба ин кишвар лимӯ мебурдам ва фурӯхта бармегаштам. Фарзандонам то омадани ман азоби гуруснагиву бекасӣ мекашиданд. Соли 1999 саломатиам бад шудан гирифт, баъд аз муолиҷаҳои зиёд духтурон тавсия доданд, ки бояд як фарзанд таваллуд кунед, то ки оризаҳои бачадон тоза шавад. Ҳарчанд инро намехостам, вале ба хотири болои сари фарзандони ноболиғ сарпаноҳ буданам розӣ шудам. Дар нақша як фарзанд буд, вале Худованд бароям ду духтарчаро лоиқ донист. Шавҳарамро таваллуди духтар хуш наомад ва падарам бошад эрод мегирифт, ки ту сафи ин оилаи майзадаро зиёд карда истодаӣ. Ба додаронам дастур дод, ки умуман ӯро дастгирӣ накунед, кӯмак накунед. Хулоса, ҳама аз ман рӯй гардониданд. Дигар илоҷ наёфта, кӯдаки якунимсолаамро, ки шири сина мехӯрд, партофта, маҷбур роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам. Тамоми баданам кабуду сиёҳ ва дардманд буд, дар курсӣ нишаста наметавонистам. Бо ҳамин ҳол ба Россия рафтам. Ҳар вақте ба муҳоҷират мерафтам, аз шаҳри Душанбе бор мегирифтам. Вале ин дафъа хостам аз Термиз молу коло гирам.

Фиреби дугона

Як дугонаи кореягӣ бо номи Светлана доштам. Ӯ бо бародаронаш дар шаҳри Волчески Волгоград ба тиҷорат машғул буданду шиносҳои зиёд доштанд. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки маро ҳамроҳашон бубарад, зеро танҳо будан дар тиҷорат хеле душвор буд. Соли 1999 буд. Вақте қатора дар истгоҳи Термиз қарор гирифт, ҳамагӣ 20 дақиқа таваққуф мекардаасту халос. Инро надонистам ва барои харид фаромадаму зуд чизҳои харидаамро ҷамъ оварда, нисфаш дар дохили қатора ними дигараш дар истгоҳ, қатора дарҳояшро маҳкам карда, ҳаракат кард. Ман дар берун мондаму ними борам бо ҳуҷҷату як миқдор пулам дар дасти ӯ, дар қатора монд. Надонистам чӣ кор кунам. Дар Термиз, як марди низомӣ, ки Бахтиёр ном дошт, ба ман имконият дод, ки аз сабзӣ салат кунам, фатир пазам, то ки як миқдор роҳпулӣ ба даст орам. Вақте маро ба як вагон роҳ доданд, дар он духтарони термизӣ картошкаю пиёзу сабзӣ бор карда, равона буданд. Ба як стансия расидем, вақте фаҳмиданд, ки дар миёни онҳо бегонаам, маро зада аз вагон фароварданд. Дар бист дақиқаи дигар вагонҳои шиносро аз назар гузаронидам, вале аз Светлана дараке набуд. Ҳамин тавр, дигар ӯро пайдо накардаму умедамро кандам.

Аз фикри зиёд асабҳоям хароб гашт. Ба назди як марди рустабор, ки номаш Анатолий Степанович буд, омада, хоҳиш кардам, ки ба ман кӯмак кунед . Ман 7 фарзанд дорам, кӯдаконам ягон чизи хӯрданӣ надоранд, ақаллан пули якчанд нонро кор карда, ба наздашон баргардам. Ӯ розӣ шуду 300 суми ҳамон вақта доду гуфт, туро ба фалон рейс ба Тоҷикистон мефиристам, вале ман ба Тоҷикистон наомадам. Ба Саратов рафта, ба воситаи баландгӯякҳо Светланаро кофтем, вале аз ӯ хату хабар набуд. Дар ин кишвар ба майдасавдогарӣ машғул шудам. Бар замми ин, ҳунарҳои дастиамро ба бозор бароварда, пул кор мекардам. Вале дилам ҳамеша ба фарзандонам кашол буд. Он солҳо на дар ҳама хона телефони хонагӣ буд. Бо азобҳои зиёд телефон пайдо карда, хонаи ҳамсоя занг задаму аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки ду духтари майдаамонро ба бибиҳояш супореду духтари калонамро гирифта биёед, ин ҷо кор карда, зиндагиамонро беҳ кунем ва бо ҳамин маслиҳат хайру хуш кардем.

Азобҳои такрорӣ

Вақте шавҳарам ба наздам расид, ду кӯдаки хурдиамро оварда буд. Ростӣ, дар мулки мардум зиндагии ман ба маротиб душвор гашт. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо, онҳоро дар хонаи иҷораамон гузошта, шабу рӯз аз қафои ризқу рӯзӣ медавидем. Фақат дар бозор будам ва корам хеле хуб ҳам буд. Вале шавҳарам фоидаи ба даст овардаамро аз ман кашида мегирифту аз хона баромада мерафт. Ӯро аз нуқтаҳои майфурӯшӣ пайдо мекардам. Вақте масту махмур ба хона меомад, маро зери мушту лагад мегирифту “Ту бо фалон одам ишқбозӣ мекунӣ, ту барои ҳамин ин ҷо омадагӣ ҳастӣ” мегуфт. Ҳар касе ба ман кӯмак мекард, ба хотири ду фарзанди хурдсолам буд. Вале инро шавҳари аз ақл бегонагаштаам намефаҳмид. Фақат маро таъна мекарду дашном медод. Кор ба ҷое расид, ки соҳибхонаҳо дигар моро ба хонаашон роҳ намедоданд, чунки аз ҷангу ҷанҷоли мо безор шуда буданд. Ҳамин тавр, мо як хонаи чӯбинеро пайдо кардем, ки ягон шароит барои зистан надошт. Картонҳоро партофта, шабамонро онҷо рӯз мекардем. Аз хунукии зиёд духтарам ба бемории шуш гирифтор шуд. Ҳарорати баданаш паст намешуд. Маҷбур шудам, ҳамаи чизро партофта, духтарамро гирифта, ба Тоҷикистон баргардам.

 

Туҳмати ноҳақ

Вақте ба Тоҷикистон расидам, овозаҳоро шунида, ҳуш аз сарам парид. Пайвандони шавҳарам овоза кардаанд, ки гӯё ман наркотик бурдааму маро милисаҳо дастгир карда, сарамро тарошида, дар Саратов маҳкам кардаанд. Шавҳарам хонаҳоро фурӯхта, маро барои ба озодӣ баровардан рафта будааст. Шавҳарам ба наздам баргашт ва дигар баҳона наёфта, мегуфт, ки “Ту мардакбозӣ, ту ба як кас тоқат надорӣ, туро мардҳо истифода мебаранд ва ғайра... То он дараҷае мезад, ки тамоми баданам дардманд мешуд, на хоб рафта метавонистаму на нишаста…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД