formula feb 2025
Иштироки Тоҷикистон дар «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» дар Берлин
20.01.2025
ОИЛА.ТҶ
712

Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон макони намоишии Тоҷикистон дар «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ташкил намудааст. Дар ин бора Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки Форуми глобалии озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» аз санаи 15-уми январ дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон оғоз шуда, то 26-уми январ идома меёбад.

Дар намоишгоҳи байналмилалӣ молу маҳсулоти кишоварзӣ, (хушкмеваҳои бастабандигардида, тармева, асал ва лавҳаи мизи намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ландшафт бо сабзавоти тару тоза), саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, обу шарбатҳои истеҳсоли ширкатҳои ватанӣ, нигораҳо аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти ороишӣ ва ҳунарҳои дастӣ, маводҳои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, иқтидорҳои эко-кишоварзӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ки намоишгоҳи мазкур платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои молистеҳсолкунандаи тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки кишварҳои иштирокчӣ молу маҳсулоти худро дар ҳудуди бозори Аврупо муаррифӣ менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД