sebiston july new
Иштироки филми «Дар талоши ҳақиқат» дар синамоҷашнвораи «Дебют»-и Амрико
2765

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, филми ватании «Дар талоши ҳақиқат» маротибаи аввал дар синамҷашнвораи «Дебют», ки аз 15 то 29-уми июл дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор мегардад, иштирок мекунад.

- Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат кинои тоҷик рушд намуда, коргардонҳои ҷавон тавонистанд бо сабти филмҳои кӯтоҳу дароз, ба монанди «Таксӣ», «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо», «Дов», «Охирин сайди сайёд», «Этюд», «Сарбор» ва ғайра соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гарданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки хусусан коргардонҳои ҷавон Шарофат Арабова, Аниса Собирӣ, Абдулҳай Зокиров, Муҳаммадрабӣ Исмоилов, Умедшо Мирзоширинов, Манзаралӣ Шералӣ, Файзулло Файз, Румӣ Шоазимов, Муҳиддин Музаффар ва дигарон тавонистаанд дар чандин фестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД