Arzon march 2024
ИШҚИ ТОҶИКДУХТАР СЕРГЕЙРО МУСУЛМОН КАРД (ҚИСМИ 2)
2800

(Давомаш)

         Ошиқи Русалка

Сайёҳ аллакай дар он ҷо маро интизор будааст. Рӯймолчаашро баргардонида изҳори сипос намудам. Фурсатро ғанимат дониста, вай боз чанд акси дигари маро гирифт. Аз шарм лола барин сурх шуда, хоҳиш намудам, ки маро сурат нагиранд. Ҷавон табассум намуда аз банди дастам дошту бо забони русӣ гуфт:

-Ман Сергей, аз Маскав. Аз тарафи донишгоҳамон барои омӯзиши иқлими шумо омадам. Дирӯз баробари дидани ту диламро барои ҳамешагӣ дар ин куҳистон гузоштам. Намедонам номат чист, аммо ман туро «Парии обӣ» ном ниҳодам, зеро субҳ мисли Русалкаи афсонавӣ зебо будӣ. Медонам, ки ту маро муносиби худ намедонӣ, чунки дину мазҳаб ва миллати ман дигар аст. Ба хотири ту ман тайёрам, ки исломро қабул кунам. Фақат не нагӯй!

Азбаски чунин ранг гирифтани корро ба гӯшаи хаёлам ҳам наоварда будам, лолу карахт шуда мондам. Сергей бо нигоҳи лабрези муҳаббат ба ман менигаристу ман бо чашмони аз ҳайрат кушода лоуболона ба вай нигариста, чи гуфтанамро намедонистам. Ҳамин тавр чанд лаҳза ҳарду лолу ҳайрон ба ҳамдигар нигариста мондем. Чашмони кабуди обию мӯйи тиллоранг ва рӯйи сафеду нафиси Сергей дилрабо буд, вале миёни мо девори сангине қомат афрохта аз гуногунии дину оину миллату забон ва боз садҳо тафовутҳое, ки пайвандамонро ба назар як кори ношуданӣ ҷилва медоданд.

-Хӯш, ту чӣ мегӯӣ, Русалкаи ман?-Ин саволи сайёҳ маро ба худ овард.

Сар ба зер афканда пичиррос задам:

-Ман аллакай номзад дорам.

-Ту ӯро дӯст медорӣ?-Пурсид Сергей.

-Не, дӯст намедорам, вале ин чиз дар мо заррае ҳам аҳамият надорад. Номзади ман бегона не, писари амакам аст,-якбора шафтолуи гапро гуфта, азми рафтан намудам.

Сергей боз аз банди дастам дошт ва рост ба чашмонам нигариста таъкид кард:

-Ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки ту насиби марди дигар шавӣ!

Хостгорони булаҷаб

Пас аз вохӯриамон дар лаби дарё Сергей бедарак шуд. Гумон кардам, ки ба ватанаш рафтаасту дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад, аммо тақрибан се ҳафта пас як шом меҳмонҳои нохонда дари моро кӯфтанд. Меҳмонҳо як зану як марди рус буданд. Ҷавонзани рус дар танаш пироҳану поҷомаи атласи тоҷикӣ ва дар сараш рӯймоли калон дошт, мардакаш бошад ҷомаи зардӯзӣ пӯшида буд. Аҷибтараш он буд, ки занаки рус дар болои сараш мисли занҳои мо лаганди калонеро бардошта омада буд. Баробари дидани онҳо дасту поям ба ларза даромад. Ҳама аҳли оила ҳайрон-ҳайрон ба онҳо менигаристанд. Падару модарам намедонистанд, ки ин русҳо дар хонаи мо чӣ гум кардаанд, вале аз рӯйи таомули тоҷикона меҳмонҳои нохондаро ба меҳмонхона дароварданд. Ба гӯшаи хаёлам ҳам наомада буд, ки Сергей падару модарашро ба хонаи мо хостгорӣ мефиристад, вале бо дидани ин меҳмонҳои дастурхондор дигар ҷойи шубҳа намонд, ки ишқи ошиқи руси ман аз таҳти дил будааст. Аз тарси он, ки мақсади меҳмонҳои нохондаро шунида, падару модарам сари маро аз танам ҷудо мекунанд, мисли барги бед дарақ-дарақ меларзидам.

Фотиҳагардон

Намедонам холаи Олгаю амаки Михаил бо падарам суҳбаткунон чиҳо гуфтанд, вале баъди рафтани меҳмонҳо доду войи модарам баромад:

-Мардак, шумо ҷиннӣ шудаед? Бо кадом ақл духтаратонро бароварда ба як урус медиҳед?! Боз духтареро, ки ба писари бародаратон ваъда карда, кайҳо фотиҳа дода будед...

Падарам даст афшонду бо мулоиматӣ гуфт:

-Занак, духтарам биҳиштро дарёфт. Ба хотири ӯ шуда, нафақат як ҷавони насронӣ мусалмон шуд, балки падару модараш ҳам дини мубини исломро қабул карданд. Болотар аз ин чиз нест! Ба ғайр аз ин як духтарамонро ба хеш дода, аллакай оқибаташро бо чашми худамон дидем. Нигинаамонро писари амакаш бадбахт кард. Акнун духтари бечораам бо ду фарзанд дар чорсӯи зиндагӣ танҳо мондааст. Кӯр як бор асояшро гум мекунад мегӯянд, девона нестам, ки ин духтарамро ҳам ба бачаи хешам дода, ба доми бало гирифтор созам. Фотиҳаи писари акоямро гардонда, Маҳинаро ба ҳамин бачаи рус медиҳам. Бача мардӣ карда аз худи Русия падару модарашро бо кулчаю тӯша ба хонаи мо хостгорӣ фиристодааст. Ин хел бачаҳои бовафо дар замони мо ангуштшуморанд. Боварӣ дорам, ки бо ин ҷавон тақдири Нигина ба сари Маҳина намеояд.

Бо ҳамин баҳси падару модарам ба поён расид ва рӯзи дигар фотиҳаи писари амакамро гардонда, маро ба Сергей фотиҳа карданд.

Деги ғайбат

Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Ҳама падари маро накуҳиш мекарданд, ки духтарашро ба урус додааст. Муллои деҳа миш-миши ҳамсояҳоро дар сари дастурхони тӯёна шунида, баландгӯякро гирифта гуфт:

-Ҳой мардум, шарм намедоред, ки дар сари дастурхони ин хонадон нишаста, нӯшу неъмати тӯйдорро хӯрда истода, ғайбат мекунед?!

Магар Қуръони азим-уш-шаънро нахондаед? Магар намедонед, ки як одамро мусалмон кардан чӣ қадар савоб аст?! Бо шарофати ин духтар як оилаи рус мусалмон шудааст! Ғайбату бадгӯиро бас карда, барои ин ду ҷавон бахт талабед.

Амакам ки барои шарманда кардани падарам омада буд, ин суханони домуллоро шунида, сархам аз дарвоза берун шуд…

Хандаи бахт

Имрӯз ман ҳамроҳи Сергей дар Маскав хушбахтона зиндагӣ дорам. Аллакай соҳиби ду гулписари нозанин шудем. Хусуру хушдоманам ба ман мисли падару модар меҳрубонанд. Ба қавле намемонанд, ки дастамро беҳуда ба оби хунук занам. Ман ҳам эҳтиромашон мекунам. Писарамакам Расул, ҳамоне, ки замоне номзади ман буд, зан гирифт, вале ҳамсарашро хушбахт карда натавонист. Тақдири зани Расул айнан тақдири Нигинаи мо барин шуд. Расул мисли амакзодааш занашро бо ду фарзанд партофта, пойбӯсии як бевазани рус гашт. Акнун худатон қазоват кунед, магар аз зани ҷавони тоҷик шуда, дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондан дида, ба аҷнабӣ ба шавҳар баромада хушбахт шудан беҳтар нест?!

Чаро духтарҳои тоҷик шавҳари аҷнабӣ мекунанд?

Ман ҳама ҷавонони тоҷикро гунаҳгор карданӣ нестам, аммо дар ин кишвар муҳоҷирони ҳаммиллатамро тез-тез бо занҳои калонсоли рус оғӯш ба оғӯш дида, ба андеша меравам, ки чаро мардҳои мо ин қадар ба осонӣ вафодорию меҳрубониҳои ҳамсарони худро фаромӯш карда, домони занҳои бегонаро медоранд. Чаро Машаю Наташаҳоро дида, Мунираю Нигинаҳои бечораи тоҷикро бо чандтогӣ фарзанд дар миёни чорсӯи зиндагӣ танҳою зор мепартоянд ва ақаллан ҳавсала намекунанд, ки кӯмаки ночизи моддие ба зану бачаҳои чашм ба роҳашон бирасонанд. Рафтори онҳо дили маро чунон хунук кардааст, ки заррае аз шавҳари рус гирифтанам пушаймон нестам. Сергей намозҳояшро сари вақт мехонад, вақти холӣ ёбад, ҳатман китоби муқаддаси Қуръонро ба даст гирифта, қироат мекунад. Аз ҳама муҳимаш вай ба ман вафодор аст ва намегузорад, ки зану фарзандонаш ба касею ба чизе муҳтоҷ шаванд. Сарнавиштамро барои худнамоӣ не, баҳри он навиштам, ки мардум дигар духтарони тоҷикро барои шавҳари хориҷӣ карданашон маломат накунанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин сатрҳои нигоштаи ман на ба ҳама хуш меоянд, шояд баъзеҳо маломат карда мегӯянд, шӯйи урус кардаасту боз забонаш дароз гап мезанад, ҷавоби ман чунин аст:

Мардҳои азизи тоҷик, агар шумо ба зану фарзандонатон вафодор бошед, ягон духтари тоҷик орзуи шавҳари русу афғону эрониро намекунад. Духтарҳои тоҷик аз зани рус гирифта, ҳамсару фарзандони худро хору зор карданатон дилбазан шуда, ноилоҷ ба аҷнабиҳо ба шавҳар мебароянд, то сарнавишти занҳои бевамондаи шумо, мардҳои айшпарасти тоҷик ба сарашон наояд. Илтиҷо мекунам, ҳеҷ гоҳе ягон зани дунёро аз зани тоҷик боло надонед, зеро дар ду дунё мисли духтарҳои тоҷик бонувони бовафо намеёбед!

Маҳина,
аз Федератсия Русия

Р/С

Ростӣ, баъди гирифтани ин мактуб мо хеле фикр кардем, ки онро чоп кунем ё не, зеро мавзӯи нома одӣ набуд. Пас аз машваратҳои тӯлонӣ ба хулосае омадем, ки қиссаи сарнавишти Маҳинаро бе таҳрир дар ОИЛА нашр менамоем. Шояд достони зиндагӣ ва муроҷиати Маҳина барои мардоне, ки аз баҳри занҳои вафодори худ гузашта, пойбӯсии занҳои русро ихтиёр намудаанд, дарси ибрат мешавад. Шояд Собиру Расул барин ҷавонмардони беандеша пас аз хондани ин сатрҳо ба суроғи зану фарзандони ҳалолу покизаи худашон меоянд. Шояд бо хондани ин сарнавишт хуни мардӣ дар рагҳояшон меҷӯшад. Аз навмедиҳо басо умед аст гуфтаанд, умед дорем, ки дигар Наташаю Ленаю Аняҳо бахти Нигинаю Лолаю Анисаҳои тоҷикро дуздида, занҳои тоҷикро гирёну нолон намесозанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД