Arzon march 2024
Ишқи муаллима
4245

 

Исфандиёр субҳ барвақт ба кор рафта, зуд-зуд ба соат менигарист. Мехост тезтар рӯзи корӣ ба поён расаду ба назди арӯсаш баргашта, аз суҳбати ширинаш баҳра барад. Рӯзе барвақт аз кор ба хона баргашт. Ситорааш ӯро бо табъи болида пешвоз гирифта, зуд дар наздаш дастурхон кушод. Вақти хӯрокхӯрӣ Ситора рӯяшро ба рӯйи шавҳараш ҷафс карда пичиррос зад:

-Медонӣ, Исфандиёр мо баъди чанд вақт се нафар мешавем!

Хӯрок дар гулӯи Исфандиёр дармонд. Саросема як қулт чойи хунук нӯшиду косаи хӯрокашро ба сӯе гузошта Ситораи азизу меҳрубонашро ба оғӯш гирифта бӯсаборонаш намуд.

Пас аз ҳафт моҳ Ситораро дарди кӯдак гирифт. Исфандиёр бо мошини худаш занашро ба таваллудхона бурд. Духтурҳо ҷавонзанро муоина карда гуфтанд, ки кӯдаки батнаш калону таваллудаш мушкилтар аст. Саломатии модару кӯдак зери хатари ҷиддӣ қарор дошт. Бо розигии шавҳару волидонаш Ситораро бояд ҷарроҳӣ менамуданд. Пеш аз амалиёт ҷавонзан хоҳиши дидани шавҳарашро намуд. Ситораи нозанин дар ҳоле, ки аз дард дар худ мепечид, дасти Исфандиёрро сахт фишурда гуфт:

-Исфандиёр, ман туро дӯст медорам. Барои хушбахтии туву фарзанди ояндаамон то нафаси охирин бо ин дард мубориза мебарам, вале агар зинда намонам, бачаамро хор накун!

-Ситора, азизам, ҳеҷ гап не, ҳамааш хуб мешавад, фақат ту худатро боқувват гир! Худо хоҳад ягон мушкилӣ намешавад. Ин тифлро бо мадади офаридгор сиҳату саломат ба дунё меорӣ,-ҳамсарашро дилдорӣ дод Исфандиёр, вале дили худаш аз пешомади ногуворе дарак медод. Ҳамшираҳо Ситораро ба утоқи ҷарроҳӣ дароварданд. Даву този табибон лаҳза ба лаҳза зиёдтар мешуд. Пас аз чанд соат сардухтур Исфандиёрро ба наздаш хонд ва тифли парпечро ба дасташ дода гуфт:

-Сабур бош писарам, соҳиби писар шудӣ, вале занатро наҷот дода натавонистем. Тамоми кори аз дастамон меомадаро карда, кӯшиш намудем, ки модару фарзандро наҷот диҳем, аммо риштаи умри ҳамсарат фақат то ҳамин рӯз будааст. Ин кӯдак аз ӯ нишона монд…

Бо шунидани ин хабар замин дар зери пойи Исфандиёр ба ҷунбиш омада, сараш чарх зад. Сардухтур ҳолати ҷавонро эҳсос карда тифлро аз дасти ӯ гирифта, ба ҳамшира дод. Исфандиёрро ба курсие шинонда ба ӯ доруи таскинбахш гузарониданд, то каме ба худ ояд, вале ҷавон сарашро ба дару девор зада, дар сӯги ҳамсари ҷавонмаргаш менолиду менолид. Исфандиёрро на панду насиҳат таскин мебахшиду на тасаллию дилдорӣ, захми дилаш даво надошт, ки надошт. Падару модараш бо чашми гирён аз пайи гӯру чӯби келин гаштанд. Исфандиёр дигар ба дидорбинии тифлаки бегуноҳаш нарафт. Кӯдакро сабабгори марги ҳамсари дӯстдоштааш донист. Намехост касе дар бораи тифл дар наздаш сухан гӯяд. Падару модараш насиҳат мекарданд, ки аз фарзанд рӯй натобад, зеро неъмати Худованд аст, вале Исфандиёр «Кошки ба ҷои Ситора ҳамин сағераи сархӯр мемурд» гӯён, дарро зада, баромада мерафт. Ҳамин тавр се рӯз тифл дар беморхона монд. Рӯзи чорум модараш бо сад азоб Исфандиёрро розӣ карда бо худ ба беморхона бурд. Раҳораҳ насиҳаташ намуд:

-Хости Худованди чунин будааст, кӯдакат гуноҳ надорад. Ба писаракат меҳри падариро дареғ мадор, писарам. Ягона нишонаи ҳамсарат ҳамин тифлак аст. Рӯҳи Ситораатро шод кардан хоҳӣ, аз кӯдак рӯ матоб.

-Очаҷон ин тифл тамоми хӯшиҳои зиндагиро аз ман бурд. Чи хел ӯро рӯи даст гирифта дӯстдорӣ мекунам? Симои Ситораам бо диданаш пеши рӯям меояд. Ин кӯдак як аламамро сад алам мекунад,-мегуфт Исфандиёр ва оҳи сард мекашиду ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад.

Гиряҳои зори писарашро дида, модар дигар тоқат накарда, бо тамоми овоз навҳа кашид. Роҳгузарон хавотир шуда, ба мошини Исфандиёр наздик шуданд. Мехостанд, донанд, ки чи ҳодисаи мудҳише рӯй додааст. Бо кӯмаки роҳгузарон модар аз мошин берун шуда, пас аз нӯшидани оби хунук қисмати талхи писарашро нақл кард.

Аз шунидани тақдири Исфандиёр роҳгузарон низ гирён шуда ба ӯ сабри ҷамил хостанду барои бурдани тифл ҳидояташ намуданд.

Модару писар бо сад азоб аз дари беморхона даромада, туҳфаҳои овардаро ба дасти ҳамшираҳо доданд, то тифлро омода созанд.

Ҳамшира кӯдакро парпеч карда, ба дасти падараш дод. Исфандиёр тифлро ба оғӯш гирифта бо ашки шашқатор аз дари беморхона баромад. Ашки талхи падар ба рӯи тифлаки ятим мешорид, вале Исфандиёри синареш инро ҳис намекард. Ёдгор ном ниҳоданд ягона нишонаи Ситораи ҷавонмаргро.

 

****

Аз марги ҳамсараш чанд сол гузашта бошад ҳам, Исфандиёр ҳеҷ ба худ намеомад.

-Писарам то ба кай танҳо мегардӣ. Ҳамагӣ 30-сол дорӣ, вале ба назар марди 40-45 сола метобӣ. Ғам пират кардааст. Синну соли ман ҳам ба ҷое расидааст, биё зан гир, шояд каме ҳам бошад, дар дами пирӣ нафаси осуда кашам,-писарашро насиҳат мекард модар, вале Исфандиёр ҳеҷ сар намефаровард. Мудом «зан гир» гуфтани аҳли оилаю хешу табор ба ҷони ҷавон заду ба хотири аз ин ҳама панду насиҳатҳо халос шудан рӯ ба ҳиҷрат овард. Дар шаҳри мардум аз чизе камӣ надошт, вале фикри писарчааш Ёдгор ӯро ором намегузошт. Ниҳоят меҳри фарзанд ғолиб омаду пас аз чор сол ба Ватан баргашт. Модари пираш, ки мудом бо ду чашми чор ба роҳаш интизор буд, аз хурсандӣ ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Дидори писарашро дида умедаш магар канда шуд, ки як моҳ пас аз баргаштани Исфандиёр аз олам гузашт. Бо кӯмаки ҳамшираҳояш Исфандиёр маъракаҳои азодориро гузаронид. Пас аз чили модарро додан апаю хоҳаронаш ба хонаҳои худашон баргашта падару писар танҳо монданд. Исфандиёр акнун дарк кард, ки танҳоӣ чӣ қадар даҳшатнок будааст. Дар назараш хонаю дараш лонаи чуғзро мемонд. Ёдгор бачаи калони қобилу гапдарое гардида, хонаҳоро рӯбучин менамуду либосҳои худу падарашро мешуст, вале набудани дасти зан дар хона ҳар лаҳза эҳсос мешуд.

-Падар, чаро шумо баъди марги модарам дигар оиладор нашудед? Мехоҳам ман ҳам мисли дигарон модар дошта бошам. Мехоҳам барои баҳоҳои хубу аъло гирифтаам модарам маро дӯстдорӣ намуда, аз рухсораам бӯсад. Аз рӯзе, ки бибиям аз олам гузаштанд, дунё дар назарам тираю тор аст,-шоме дарди дил кард Ёдгор ба падараш ва гирён шуд.

Дили Исфандиёр ба ҳоли зори писараш сӯхту ӯро оғӯш карда бӯсид.

-Дадаҷон, қавл диҳед, ки оиладор мешавед,-дасти падарашро сахт фишурда, зорӣ кард Ёдгор.

-Хуб, ваъда медиҳам, вале ту маро саросема накун,- ниҳоят сар фаровард Исфандиёр.

Падарҷон, фардо маҷлиси падару модарон мешудааст. Шумо ба маҷлис меравед?-хабар овард ду рӯз пас Ёдгор.

-Чаро намерафтаам, охир ту ягона муттакои ман ҳастӣ, писарам. Албатта меравам, нури чашмони падар,-сари писарашро силакунон ваъда дод Исфандиёр ва Ёдгорро ба сари мизи хӯрокхӯрӣ даъват намуд.

«Ман роҳбари синфи фарзандони шумо Меҳрангез Давлатова. Тӯли се сол аст, ки ба бачаҳои шумо дарс меомӯзам. Дар ин муддат, то тавонистам ҳар чи аз устодони худ омӯхта будам, ба шогирдони азизам ёд додам. Шукр, шогирдоне тарбия намудем, ки ифтихори мактабу сари баланди шумоён, падару модарон ҳастанд». Бо ҳамин суханон маҷлиси падару модаронро оғоз намуда, муаллима дар бораи дониши ҳар як шогирдаш маълумот медод, вале ба гӯши Исфандиёр дигар чизе намедаромад. Ҳусну ҷамоли муаллима ӯро афсун карда буд. Дар поёни ҷамъомад муаллима Ёдгорро ба муносибати дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ишғол намуданаш муборакбод гуфта таърифу тавсифи зиёд кард. Маҷлис ба охир расид. Падару модарон ҳар яке бо навбат аз муаллима арзи сипос намуда, ба сӯи хонаҳояшон раҳсипор мешуданд. Исфандиёри бо як нигоҳ ба Меҳрангез дилбохта ҷуръат намекард, ки ба муаллима наздик шавад.

-Дадаҷон, биё ба назди муаллима равем,-аз дасти падараш кашола кард Ёдгор.

-Ташаккури зиёд барои таълиму тарбияи Ёдгори ятимам. Дастгирии шумо буд, ки писари ман ҷои аввалро гирифта, боиси ифтихорам гардид. Ман аз шумо миннатдорам,-чашмонашро гурезонда ба муаллима изҳори сипос намуд Исфандиёр.

-Шумо ҳам дар тарбияаш саҳмгузоред -даст ба китфи Ёдгор монда, гуфт муаллима ва афзуд,-аҷиб, ки ман шуморо бори аввал дар маҷлиси падару модарон мебинам. Чаро то ҳол ягон бор дар маҷлису дарсҳои фарзандатон иштирок намекардед?

-Маро нашинохтӣ Меҳрангез?-Ба саволи муаллима бо савол ҷавоб дод Исфандиёр.

-Не! Аниқтараш ёдам нест, ки шуморо дар куҷо дидаам,-сар ҷунбонд муаллима.

-Агар дар сарам чормағз нашиканӣ, худро муаррифӣ месозам, набошад паноҳат бар Худо,- Исфандиёр инро гуфта майли рафтан кард.

-Ёдгорҷон, писарам, дар берун саф кашед, ман ҳозир меоям,-муаллима шогирдашро гусел карда саволомез ба Исфандиёр нигарист.

-Ман Исфандиёр даҳ сол пеш дар таҷлили Наврӯз зарфҳои рӯи мизро ба хотири ба ту изҳори муҳаббат карданам шикаста рафта будӣ, ёдат ҳаст?! Ман ҳамон ҷабрдидаам. Аз ғами ишқи ту рӯ ба ҳиҷрат оварда, чанд сол дар мулки ғурбат овора гаштам. Ғами мани бетолеъ модарамро аз по фиканду бо сад алам аз дунё рафтанд. Акнун ману писарам танҳои танҳоем.

-Маро барои дағалии дар ҷавонӣ содир намудаам бубахш, -воқеаро ба ёд оварда, узр пурсид муаллима,- хело дигаргун гаштаӣ! Ҳамеша мехостам туро пайдо намуда, узр хоҳам, вале баъди он вохӯрии «хотирмон» дигар наёфтамат. Маро бубахш, ки озурдаат сохтам! Бубахшиям хуб, вагарна ман тайёрам, ки тарки деҳаву шогирдон намоям,-сархам аз дар баромаданӣ шуд муаллима Меҳрангез Давлатова.

-Дар ҳақиқат барои ҷустуҷӯи ман ба деҳа омадӣ?- бовариаш наомада дубора пурсид Исфандиёр.

-Бале, баъди он вохӯрӣ то чанд рӯз симои ту аз пеши назарам намерафт. Рафта-рафта он симои мафтункунанда маро ошиқ кард. Ниҳоли ишқат тӯли солҳо реша давонда ба як дарахти азим табдил ёфтааст. Ишқи поки ту маро ба ин деҳа овард,-иқрор шуд муаллима ва аз хиҷолат сар ба зер афканд.

-Агар розӣ бошӣ, ҳамхона мешавем. Ёдгори ман аз азоби бемодарӣ наҷот меёбаду ману ту ҳарду аз танҳоӣ раҳоӣ меёбем. Меҳрангез ба ҷойи ҷавоб Исфандиёрро сахт ба оғӯш гирифт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД