Arzon march 2024
Ишқи интернетӣ хонаамро сӯхт
29.01.2023
ОИЛА
1736


Ману шавҳарам бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк гаштем. Пеш аз тӯй медонистам, ки духтарбоз аст, дар кӯча ягон зани зеборо бубинад, дарҳол ҳушаш меравад, вале бо гумони он ки баъди зану фарзанддор шудан маъшуқабозиро партофта, аз пайи зиндагӣ мешавад, ба Халил ба шавҳар баромадам.

Духтари шаҳрии хондагӣ бошам ҳам, шавҳарам аз рӯзи аввал намонд, ки дар ягон ҷой кор кунам. Рӯзи дароз бо корҳои хонаву фарзандон машғул шуда, шавҳарамро қариб, ки намедидам. Ҳис мекардам, ки бо бонувони дигар робита дорад, чунки шавҳарам ҳамеша дар телефонаш код гузошта, иҷозат намедод, ки онро ба даст бигирам.

Ростӣ, мардакам духтарбоз бошад ҳам, зиндагиро пурра таъмин мекунад. Хонаи мо ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба ғайри шири мурғу ҷони одам дигар ҳама чиз буд. Шавҳарам ба хона интернет гузаронд ва ноутбуки маро низ ба он пайваст намуд. Барои аз танҳоӣ зиқ нашудан дар шабакаҳои интернетӣ саҳифа кушода, дар як муддати кӯтоҳ дӯстони вертуалии бисёре пайдо кардам. Яке аз дӯстони вертуалиам бо ман ниҳоят меҳрубон буд, чунон суханони ширине менавишт, ки аз хонданаш дилам мисли кабки дарӣ дар қафаси синаам пар-пар мезад. Кор ба ҷое расид, ки мардакам ишқи вертуалии маро пай бурда, хонаро ба сараш бардошт.

Сад бор қасам болои қасам хӯрдам, ки ман он ҷавонро ягон бор аз наздик надидаам, танҳо ба ҳамдигар паёмак менавиштему халос, вале шавҳари аз рашк девонашудаам чизеро фаҳмидан нахост. Ман ба вай хиёнат накардаам, аммо ин марди занбоз худаш сад маъшуқа дошта бошад ҳам, барои дупула гап шуда, зиндагиамонро вайрон карданист.

Дигар бо ту зистан намехоҳам гуфта, ману фарзандонамро аз дар берун кард. Имрӯз ману кӯдаконам дар хонаи волидонам ҳастем. Намехоҳам зиндагиам вайрон шавад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Ш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД