Formula novemver 2024
ИШҚИ БОЙ (ҚИСМИ 8)
09.02.2021
Р. Холов
6388


ИДОМААШ...

Хусури даюсаш шояд аз рашк мисли моргазидае, ки хобу қарорро аз даст медиҳад, беқарор гашта, дам ба дам ба ҳавлӣ мебаромад ва барои амалӣ гаштани нақшаи Саодат монеъ мегашт. Ҳамин тавр шаб то саҳар бедор нишаста бошад ҳам, келинчак барои фирор кардан аз хонаи хусураш пайти муносиб наёфт.

Бойбоборо хурсанд кун, духтарам!

Саҳар Саодат ба тақдири бадаш лаънат хонда аз хонааш баромад. Мошини Бойбобо аллакай рафта буд, хусуру худоманаш бошанд баҳузур дар болои кат нишаста, чой нӯшида сӯҳбат доштанд. Аз чеҳраашон аён буд, ки хурсанданд. Аз рӯйи ваъдаи шаб додааш имрӯз Бойбобо бояд Фурқатро озод мекард, вале шарт гузошта буд, ки Саодат нисфирӯзӣ ба наздаш равад. Зану шавҳар гумон доштанд, ки келинашон сухани онҳоро рад намекунад, аз ин хотир аз хона баромадани Саодатро дида, ҳарду шоду хандон ӯро ба наздашон хонданд.

-Духтарам, бисёр ғам нахӯр, имрӯз шавҳарат озод шуда ба пешат меояд. Шаб ман бо Бойбобо сӯҳбат кардам, шукр, ки суханамонро нашикаст. Акнун ту бояд ба назди Бойбобо равӣ, баъзе масъалаҳоро ҳардуятон ҳал мекунед,- нозукона фаҳмонд хушдоманаш.

-Шаб худатон бисёр моҳиронаю чолокона масъалаҳоро ҳал кардед-ку, ояҷон, ман ҳам шумо барин илтимос кунам,-нафраташро пинҳон надошта, неш зад Саодат.

Хушдоманаш фаҳмид, ки келин дигар он духтараки қобилаку хапак нест ва ҳодисаи шабонаро бо чашми худаш дида, нисбати вай нафрат дорад. Оби дида резонда гуфт:

 -Ман ҳар чи кардам, барои озодии шавҳари ту  кардам. Модар барои фарзандаш чӣ корҳое, ки намекунад! Дадот ҳама гапу кори гузаштаро медонанд. Аз дасти ин Бойбобо ягон кор намеояд, фақат барои тасаллӣ…

-Илтимос, бас кунед! Ман дигар тоқати шунидани ин гапҳоро надорам. Мемураму ба шавҳарам хиёнат намекунам, ба миёни гапи хушдоманаш лагад зад Саодат.

-Эҳ, духтари сода, хиёнат намекунам гуфта як умр болиштро оғӯш карда хоб мекунӣ?! Ҷавонӣ, охир лаззати ҷавониро бичаш,-маънидорона даст афшонд хушдомани маккор. 

Саодат ба ин зани ҳаромхиштак боз ду-се гапи обдор гуфтанӣ буд, вале ин дам дарвозаро кӯфтанд ва келинчак оҳи сарде кашида барои кушодани дар рафт.

Дидори модар

Модару апаашро дар паси дарвоза дида Саодати аламзада аз шодӣ қариб, ки гирён шуд. Модару духтар ҳамдигарро ҳеҷ аз оғӯшашон раҳо кардан намехостанд. Овозаи бад ба гӯши онҳо ҳам расида будааст ва апааш бо Фурқат чи ҳодиса рух доданашро пурсон шуд, Саодат фурсати ҷавоб додан наёфта, хушдомани маккорааш дар сар рӯймоли сафед «во балам» гӯён, ба истиқболи меҳмонҳо баромад. Гиряи пуралами зан гиряи меҳмонҳоро оварда бошад ҳам, Саодат бо нафрат рӯяшро тофт ва дар дилаш «аз афташ ин бева барои бачааш нею дар ҳасрати оғӯши Бойбобо гириста истодааст» гӯён, лабашро инҷ кард. Модари Саодат аз қудо чӣ ҳодиса рӯй доданашро пурсон шуд. «Писарамро аз даст додем, қудоҷон» гӯён, занак бештар фиғону нола бардошт. Модари Саодат гумон кард, ки дар ҳақиқат домодаш вафот карда, духтараш бева мондааст ва карахт шуда дар ҷояш нишаста монд. Саодат тозон барои модараш об овард. Ҷуръае об нӯшида модар каме ба худ омад ва ҳаросон ҷониби духтару қудояш нигарист, аз афташ фаҳмидан мехост, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст, вале ҷуръати пурсидан намекард. Апаи Саодат ҳоли модарашро дида, ба назди хоҳараш омада бехигӯшӣ пурсид, ки ба шавҳараш чӣ шудааст. «Фурқатро бо гера дастгир карданд» пичиррос зад Саодат. Апааш «хайрият» гуфта, назди модараш рафта, асли гапро фаҳмонд. Модар оҳи сабук кашида аз ҷояш бархост ва қудояшро тасаллӣ дода, пурсид, ки ягон роҳи наҷот додани Фурқат ҳаст ё не.

-Домодатонро танҳо духтаратон наҷот дода метавонад,-оҳи сард кашида гуфт хушдомани Саодат.

Аз ин гапи қудояш чизеро нафаҳмида, модар саволомез ба духтараш нигарист.

-Беҳтараш баъди чой нӯшидан сӯҳбат мекунем,-нигоҳашро аз чашмони розҷӯи модараш гурезонда, таноби суханро сӯйи дигар кашид Саодат.

«Мармалод» дигар чизе нагуфта, қудояшро ба хона таклиф кард. Хушдомани маккорааш, ки пештар «камбағали пойлуч» гуфта, назараш модари Саодатро намегирифт, имрӯз якбора ончунон меҳрубонӣ мекард, ки одами аз тору пудаш бехабар гумон мекард дар дунё аз ӯ дида зани ҳалимтаре нест. Саодат, ки асрори меҳрубониҳои хушдоманашро медонист, бо нафрат лаб газида, базӯр ба найрангҳои ин кампири тутоқ тоқат мекард. Саодат, ки табиатан духтари банангу баномус буд, сирру асрори хонадони шавҳарашро фош кардан нахоста, вақти ошро кашидан  оҳиста дар бехи гӯши хушдоманаш пичиррос зад:

-Мабодо дар назди апаю модарам дар бораи талаби Бойбобоятон даҳон накушоед, чунки на фақат очаи ман, балки ягон зани тоҷик ба чунин шармандагӣ чашм намепӯшад. Ҳодисаи имшаб дар ин ҷо рӯйдодаро фаҳманд, маро дигар як лаҳза ҳам дар хонаи шумо зистан намемонанд! Занҳои мо мемуранду ба чунин пастӣ даст намезананд!

«Мармалод» аз насиҳати келинаш ба ғазаб омада, пичинг зад:

-Медонам, ки тоҷикҳои шумо чи хел мардуми поктинату боғуруранд, тоҷик гӯшти тоҷикро мехӯраду боз инҳо халқи бо нангу баномус будаанд!

Саодат Фурқатро дӯст медошт ва намехост дар рӯзи сахтӣ шавҳарашро партофта равад, аз ҳамин хотир кинояи хушдоманашро, ки оташи ҷанги шаҳрвандии дар Тоҷикистон алангазадаро дар назар дошт, ношунида гирифт ва табақи ош дар даст ба меҳмонхона даромад. Пас аз зиёфат Саодат ба гӯши модараш пичирросзанон гуфт, ки баъди ду рӯз худаш ҳамроҳи шавҳараш Фурқат ба Тоҷикистон ба дидорбинии хешу ақрабо рафтанист. Муроди келинчаки зирак аз ин ҳарфҳо бо хушнудӣ ба Ватан гусел кардани модару апааш буд, зеро метарсид, ки Бойбобои пулмасти ҳаромхиштак маззахӯрак шуда, боз ба хонаи хусураш меояду сирру асрори ин пиру кампири тардоман фош гашта, дили модараш аз қудоҳояш сард мешавад ва Саодатро зӯран ба Тоҷикистон мебарад. Модари рамузфаҳм хурсанд шуда, дарҳол рахти сафар барбаст ва хусури Саодат онҳоро ба вокзал бурда, ба поезд савор карда, сипас баргашт.

Келинфурӯш

Баробари аз дарвоза даромадан хусураш аз Саодат шодиёна гирифта, хабар дод, ки Фурқатро озод кардаанд ва фармуд, ки ба мошин шинад. Келинчак бо гумони он, ки ба пешвози шавҳараш мераванд, худро орою торо дода, бо табъи болида ба мошин нишаст. Комилбой мошинро мисли бод ронда, аз деҳа берун шуд ва чанбаракро ҷониби шаҳр тоб дод. Ба гӯшаи хаёли Саодати аз шавқи дидори дар пеш истода бо шавҳараш сармаст намеомад, ки ин мӯйсафед нақшаи сиёҳе дорад. Ҳамин тавр хусуру келин аз ину он чақ-чақкунон чандин километр масофаро тай намуданд ва мошин дар назди як бӯстонсарои боҳашамат қарор гирифт. Бо садои сигнали мошини хусури Саодат дарвозаи бӯстонсаро кушода шуд ва қасри бошукӯҳе, ки ба кушкҳои подшоҳони афсонавӣ монанд буд, намудор гашт. 

(ДАВОМ ДОРАД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД