arzon replenishment
ИШҚИ БОЙ (ҚИСМИ 4)
05.02.2021
Р. Холов
6302

 Давомаш...

Доми фиреб

Салими қиморбоз бо супориши Бойбобо шавҳари Саодат-Фурқатро имшаб бояд ба балои азим гирифтор мекард. Шогирдони Салим махсус Азим ном қартабози ашаддиро ёфта оварданд, то Фурқатро батамом бонкрот кунад. Ин қиморбоз дар як гардиш тамоми қартаҳоро аз бар менамуд ва то ҳол касе дар бозӣ ӯро набурда буд. Салим ба Фурқат занг зада, гуфт, ки имшаб меҳмони серпуле меояд ва агар ӯро дар бозӣ мот карда тавонанд, дар як шаб соҳиби чанд миллон доллар мешаванд. Фурқат, ки ҳанӯз ягон маротиба бозиро набохта буд, ман-манӣ карда гуфт, ки Азимро чунон боб мекунад, ки таги як тагпӯш баромада равад. Салим дар бораи оқибати бади қартабозӣ гап зада, Фурқатро ҳушдор дод, ки чунин беандешагӣ накунад, чунки худаш бе кафшу маҳсӣ монданаш мумкин аст, вале ҷавон якравӣ карда исрор намуд, ки ҳар чӣ шавад, аз тақдираш мебинад ва ваъда дод, ки бо ду дипломат пул меояд.

Парвози орзу

Фурқат аз падару модар ва ҳамсараш пинҳонӣ ду дипломати аз доллар пурро ба боғочи мошинаш ҷой карда, мағрурона сари чанбарак нишаст. Раҳораҳ ҳама фикру хаёлаш банди пул буд, тасаввур мекард, ки чӣ тавр субҳидам Азим- қиморро дар бозӣ мот карда, таги трусӣ гусел мекунаду худаш бо чанд дипломат доллар шодону хандон аз қиморхона мебарояд. Хаёлан бо пулҳои бурдкардааш як лаҳза қасри афсонавӣ месохту лаҳзаи дигар яхта мехарид, замоне пас дар Дубаю Амрико сайругашт менамуд. Ҳамин тавр саргарми орзуҳои ширин ва бехабар аз бозии пасипардагии қисматсӯзи Салимбойи маккор шавҳари Саодат чӣ тавр ба қиморхона расиданашро нафаҳмида монд.

Рақибон

Хонаи Салимбой имшаб аз ҳарвақта дида зеботар ва дар рӯи дастархон тамоми нозу неъмати дунё муҳаё буд. Аз дар даромадан замон Фурқат аз байни меҳмонон рақибашро ҷӯё шуд. Соҳибхона бо ишорати нозуку ноаён ҷавони назарногиру харобакеро ба ӯ нишон дода, пичиррос зад: «Азим-қимораш ана ҳамин аст!» Назари Фурқат Азимро нагирифта, тамасхуромез хандид ва дар бехи гӯши Салимбой пичиррос зад: «Заб одам ёфтед, хаёл мекардам, ки ин Азим-қиморатон ягон йигити чорпаҳлӯи чор кас медидагӣ аст! О ин аҷинаи миҷморуқа чию қиморбозӣ-чӣ, ҷойи вай замини тарбуз ё аз паси подаи гову бузу такаю гӯсфандон давидан!» Салим-қиморбоз лабханд зад, вале дар дилаш ба Фурқат хитоб кард: «Ҳоло ист, ин Азимчаи ба чашм назарногир очаи зората нишон медиҳад! Ин миҷморуқ чунон мекунад, ки худат бо дасти худат занатро ба оғӯши Бойбобо меандозию боз раҳмат ҳам мегӯӣ, аблаҳ!»

Баҳсмабаҳс 

Зиёфатро хӯрданд, чилимҳоро дӯд доданд, сипас сари бозӣ нишастанд. Салими қиморбоз даҳ қуттии нави қартаро ба байн партофт. Азим-қимор пешниҳод кард, ки бо ҳар пачкаи қарта танҳо панҷ даст бозӣ кунанду халос. Ҳама ба ин шарт розӣ шуданд. Бозӣ сар шуд. Фурқатро дар аввал бахт ҳамсафар буд ва бурд болои бурд насибаш мегашт. Писари Комилбой аз барор гирифтани кораш шердил шуда, таклиф кард, ки танҳо ду нафар бозӣ кунанд-вай ва Азим-қимор, дигарон бошанд, бигзор довар шаванд. Қиморбозон маънидорона ба Салим нигаристанд.

-Фурқатбой тамоми шарту шароити бозиро медонад, бахташро, ки санҷидан мехоҳад, бигзор бисанҷад. Фақат бори дигар такрор мекунам, дар сурати бохтани бозӣ набояд касе аз ҳарифон аз мо домангир шавад, -гуфт Салим.

Фурқат ва Азим-қимор бо аломати ризо сар ҷумбонданд. Дигарон аз давра баромада, саҳнаи бозиро дар ихтиёри ин ду рақиб гузоштанд. Азим-қимор, ки аллакай чанд даври бозиро бохта буд, лабхандзанон «хайр, бозиро бохтем, бохтем-дия» гӯён, якбора охирин дороияш-чор ҷомадон долларро ба бозӣ монд. Фурқат аз ҳарифаш қафо мондан нахоста, калидро аз киса бароварда, ба яке аз шогирдони Салимбой дод ва фармуд, ки аз боғоҷи мошин ҷомадонҳоро биёрад. Чашмони ҳамаи қиморбозон аз ҳайрат қариб аз косахонаи сарашон баромада, ба бозии ин ду рақиби девонаавзоъ гӯшу ҳуш гаштанд, зеро то имрӯз ягон бор ва ягон кас чунин пули калонро ба бозӣ нагузошта буд.

Хонасалот

Қартаҳоро тақсим намуданд. Салимбой се дамаи дар дасти Фурқат бударо бо гӯшаи чашмаш мушоҳида намуда, оҳиста дар бехи гӯшаш пичиррос зад, ки беҳтараш сари вақт аз бозӣ даст кашад, ки хонасалот мешавад, вале писари мағрури Комилбой ба ғалаба карданаш боварии комил дошт ва ба ҳеҷ ваҷҳ қафо гаштанӣ набуд. Дар даври аввал Фурқат пули калон бой дод, вале ҳамоно қартаашро паст карданӣ набуд. Баҳсмабаҳс боз ду даври дигар бозӣ карданд. Фурқат ҳар се даври бозиро бохта, ду ҷомадон пулашро бой дод. Азим-қимор таклиф кард, ки бо ҳамин бозиро бас кунанд, аммо Фурқати хун дар ҷӯш паст наомада, гуфт, ки то охир бозӣ хоҳанд кард ва хонааш, бар замми он, боз сад ҳазор долларро ба қимор гузошт. Шогирдони Салим ин гапро шунида «оҳ» гуфта, даҳонашонро доштанд. Ин маънои онро дошт, ки Фурқати беандеша бо дасти худаш барои худ гӯр кофта истодааст, вале ҷавони мағрур заррае оқибати ин амалашро андеша накарда, мардона даст дод. Бозӣ аз нав оғоз ёфт. Фурқат се қартаи охиринашро болои миз партофта, ғолибона пулҳоро бардоштанӣ буд, вале Азим-қимор аз банди дасташ дошта хоҳиш намуд, ки як дам сабр кунад ва қартаҳои худашро кушод. Се тӯзи Азим-қиморро дида, пеши чашмони Фурқат якбора сиёҳ шуд. Ҷавони мағрур хонасалот шуданашро фаҳмида аз ҳуш рафт.

Қиморбозон бо азобҳои алим Фурқатро ба ҳуш оварданд. Азим-қимор ғолибона ба ӯ нигариста, заҳрхандакунон гуфт, ки ғамгин нашавад, шояд дафъаи дигар бурд насиби вай мешавад.

Ашки талхи Фурқат

Фурқат, ки охирин пулашро дар бозӣ ба Азим-қимор бой дода буд ва бар замми ин, мебоист боз хонааш ва сад ҳазор доллари дигар ёфта диҳад, аз шиддати алам қариб девона шуда буд. Ин ҷавони беандешаи бо дасти худ ба сараш балои азим оварда гирд-гирди хона гашта фарёд мезад: «Набояд ин хел мешуд! Набояд ин тавр мешуд! Набояд ин тавр мешуд!!!» Шогирдони Салим насиҳаташ мекарданд, ки худашро ба даст бигирад, бозӣ бозӣ аст ва баъди бохт пушаймонӣ суд надорад, вале касе ҷавони хонасалотшударо ором карда наметавонист. Азим-қимори ғолиб дигар ба оҳу нолаи ҳарифаш эътибор надода, тамоми пулҳоро гирифта аз Фурқат талаб намуд, ки барои дар муддати як моҳ ба вай расонидани 100 ҳазор доллари боқимонда ва ҳуҷҷатҳои хона забонхат нависад. Фурқат аввал саркашӣ намуд, вале қиморбозон ӯро ҳушдор доданд, ки дар сурати надодани пул ба сараш мушкилоти бисёр меояд ва ҳатто аз ҷони ширин маҳрум шуданаш имкон дорад. Чораи дигар наёфта, писари Комилбой забонхат навишт, ки дар давоми як моҳ ба Азим 100 ҳазор доллар ва хонаашро медиҳад ва зераш имзо гузошта ба дасти Азим дод.

Маслиҳати қисматсӯз

Қиморбозон ҳама хона ба хона рафтанд, танҳо Фурқат имшаб майли ба манзилаш баргаштан надошт. Дар байни обу оташ монда буд ҷавон ва намедонист сари мисли чӯбкаду дангосиашро ба кадом дару девор занад. Яқин буд, ки агар падараш қиморбозӣ ва чунин бохти калон карданашро шунавад, пӯсташро аз танаш ҷудо мекунад. Дар ду дунё волидонаш ба додани хона бар ивази қарзи қимор розӣ намешаванд. Ба ғайр аз ин ба Азим-қимор бояд боз 100 ҳазор доллари дигар диҳад. «Худоё, акнун ман ин қадар пулро аз куҷо меёбам?» нола мекард Фурқат, вале Худо хеле дер ба ёди ин ҷавони пулмаст расида буд ва акнун офаридгор низ сӯяш дасти мадад дароз кардан намехост. Ҳоли зори писари Комилбойро дида, Салим-қиморбоз курта-курта гӯшт гирифта бошад ҳам, худро хеле ғамгину афсурдаҳол вонамуд карда, назди ҷавони хонасалотшуда омад ва оҳи сард кашида гуфт:

-Эҳ бачаи беақл, аз аввал туро огоҳ кардам, ки имшаб бозӣ ба манфиати ту намешавад, беҳтараш сари вақт даст каш, вале маро шунидан нахостӣ! –Кори шудагӣ шуд, акнун ягон роҳи ҳалли масъаларо ёфтан лозим,-гапи сардори қиморбозонро бурид Фурқат.

-Роҳи ҳалли масъала дигар чӣ ҳам мешуд, пулро аз падарат мегирию медиҳӣ-да!

-Падарам фаҳманд, ки ман қиморбозӣ мекунам ва ин қадар пули калонро бой додаам, сарамро худашон себча барин мегиранд!

-Набошад, пулро аз куҷо меёбӣ?

-Намедонам! Намедонам! Худамро овехта кушам-мӣ…

-Ҷиннӣ-ку нашудаӣ?! Наход одам барои пул шуда худкушӣ кунад?! Мардак набояд аз чунин мушкилиҳо тарсад, пул чирки даст аст, имрӯз бой медиҳӣ, пагоҳ бурд мекунӣ, зиндагӣ худаш ҳамин аст,-насиҳат кард Салимбой ба китфи Фурқат тап-тап зада истода.

Ҷавон оҳи сард кашида пичиррос зад:

-Пул чирки даст аст, вале ман ана ҳамон чиркро аз куҷо меёбам?!  

-Дилам ба ту месӯзад, барои ҳамин ман як роҳи осони ба даст овардани «чирки даст»-ро нишон медиҳам, хоҳӣ қабул карда, соҳиби пули калон ва аз қарзу дигар балоҳои имшаб ба сарат омада якбора халос мешавӣ, не гӯӣ, ихтиёрат,-ишорат ба кордониаш намуд Салим-қимор.

-Бо Азроил даст ба гиребон шав гӯед ҳам, ман розӣ, фақат масъала ҳал шавад, кифоя аст,-дарҳол розигӣ дод Фурқат.

-Як килло бори тайёр ҳаст, ҳамонро субҳ бо рейси якуми самолёт ба Москва мебарӣ. Одамони худӣ дар ҷойи таъиншуда борро мегиранду ҷомадони пури пулро ба дастат медиҳанд. Буду шуди корат ана ҳамин,-фаҳмонд Салимбой, ки ғайри қимор «шогирдонаш» бо бизнеси маводи мухаддир низ сару кор доштанд.

Бо шунидани номи бор ба тани Фурқат рашъа давида бошад ҳам, чораи дигар, ки надошт, ночор бо аломати ризо сар ҷумбонд ва забонхат навишт, ки дар сурати ба даст афтиданаш тамоми гуноҳро ба гардани худаш мегираду касеро намефурӯшад. Салимбой борро моҳирона ҷо ба ҷо карда ба Фурқат супурд ва ҷавони гӯлу гумроҳро ба фурудгоҳ гусел намуда, тибқи супориши Бойбобо ба милисаҳои ошнояш занг зад.

Як бор ҷасти малахак…

Фурқатро дар фурудгоҳи шаҳри Тошкент бо героин дастгир намуданд ва ин хабари шум дар як лаҳза ба падараш Комилбой низ расид. Комилбою занаш рӯю мӯйканон ба ҷустуҷӯйи писарашон афтиданд. Фурқатро бо ранги заҳир дар паси панҷара дида, ҷигари падару модар пора-пора шуд ва фиғонашон ба фалак печид. Фурқат бо чашмони лабрези ашк ба падараш гуфт, ки ӯро «подставит» карданд ва зорӣ намуд, ки ҷонашро аз ин доми бало халос кунад. Чеҳраи зард ва чашмони аз гиря варамидаи писарашро дида, дили Комилбой обу адо шуд ва қавл дод, ки агар лозим шавад, хизматгори худи шайтон мешаваду Фурқатро наҷот медиҳад! Падари ҷигарсӯхта ба тамоми ошноҳояш занг зад, вале касе халос кардани Фурқатро ба гардан намегирифт. Ба ёдаш Бойбобои дастфароз расид ва Комилбой гирёну нолон шабошаб ба хонаи дӯсти қадрдонаш рафта, худро пеши пойи Бойбобо партофту зорӣ намуд:

-Бойбобоҷон, ман, занам, келинам, ҳамаамон ғуломи даратон мешавем, илтимос, писарамро аз зиндон халос кунед!

Бойбобо аз китфони Комилбой дошта ӯро аз замин бардошт ва ба хона таклиф намуда, рӯйи чор қабат кӯрпача шинонду хоҳиш кард, ки чи воқеа рӯй доданашро муфассал нақл кунад. Падари Фурқат бо оби дидаю дили хунчакон ҳодисаи ба сари писараш омадаро қисса кард. Бойбобо аз беақлии ҷавонҳо афсӯс хӯрда, Комилбойро сарзаниш кард, ки аз пайи кор овора шуда, фарзандашро бе назорат гузоштааст ва сипас ваъда кард, ки дар ҳамин ду-се рӯзи наздик ягон илоҷи корро меёбад.

(Давом дорад)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

аро мардро сарзаниш кард. Комил сарашро ба пеши пои Бойбобо монд. Бойбобо ваъда дод,ки то пагоҳ бо шиносҳояш гап зада масъалаи корро мефаҳмаду ба хонааш рафта ҷавобашро мегӯяд.

   Комил ба хона омада ба зан ва келинаш гуфт, ки илоҷи кор танҳо дар дасти Бойбобо мебошад. Пагоҳ, ки ба хона омад ба пеши пояш афтода дасту пояшро бӯса карда ёрӣ пурсанд. Саодати доно аллакай фаҳмида буд, ки ин кори дасти Бойбобо мебошад. Вай чизе нагуфта сархам меистод. Хусураш ҷонибаш нигоҳ карда:- Келинҷон шавҳарат дар як ҳоли зор аст. Вай ба азоби ҳабсхона тоқат карда наметавонад. Ту зиёдтар ба Бойбобо меҳрубонӣ кун. Хурокҳои пӯхтаат ва ҳусну ҷамолатро ӯ таъриф карда буд.

Саодат ин суханҳои хусурашро шунида нисбати ӯ нафраташ пайдо шуд. Ба тамоми мардуми пулдор лаънат хонд, ки пул гуфта номусро аз даст медиҳанд.

Бойбобо бо кару фар ба хоани Комил омад. Садои сигнали мошинро шунида комил ду дарвозаи калони хонаашро кушод. Мошин вориди хона шуд. Баробари ба замин қадам гузоштани Бойбобо Комил ва занаш гирякунон ба зери пояш афтиданд. Бойбобо чаш аз Саодат намеканд. Интизори он буд, ки тоҷикдухтари якрав имрӯз худаш ба оғушаш медарояд. Аммо Саодат ин корро намекард. Хусураш нигоҳи Бойбоборо ба сӯи келинаш дида мақсади ӯро фаҳмид ва ба келинаш ишорат кард, ки ба зери пои ин марди барзангӣ афтат. Саодат ночор монда худашро ба зери пои Бойбобо партофт. Аз ин кори ӯ таъби Бойбобо боло шуд. Вай хам шуда аз таги бағали Саодат дошта:-Келин Шумо набояд дар пеши пои манн сар хам кунед. Мо бояд дар пеши Шумо сархам бошем! Шавҳаратро дӯст медорӣ ва барои халосии вай ба фикрам ба тамоми кор розӣ ҳастӣ?

   Хусур ва хушдомани Саодат ин суханҳоро шунида:-Бойбобоҷон мо ҳамаамон тайёр ҳастем, ки як умр хизмататонро ба сомон расонем! Шумо кумак кунед, ки писари мо аз кунҷи зиндон раҳо шавад!

- Манн имрӯз бо ду се одами қадрдон сухан кардам. Ваъда доданд. Он тарафаш дар дасти Шумост. Ин кор хеле ҳалли душвор дорад!

Бойбобо ин суханҳоро чашм аз рӯи Саодат наканда мегуфт.

   Саодат хомӯш буд.

Бойбоборо ба хона таклиф карданд. Вай бовиқор вориди хона шуд. Дастархон аз ҳарвақта дида зеботар оро дода шуда буд. Комил ва занаш дасту ба даст карда дастархонро боз пуртар месохтанду Саодат ба Бойбобо чой кашида медод. Бойбобо баробари холӣ шудани хона:

-Келин тақдири шавҳарат ва озодиаш дар дасти худи ту мебошад.

- Манн бояд чӣ кор кунам? -пурсид Саодат.

- Кори мушкиле нест. Пагоҳ бо манн ба шаҳри Тошкент меравӣ! Мо бо чанд одам вомехӯрем ва боз якҷоя бармегардем. Агар дер шуд дар меҳмнхона дам мегирем.

Ин суханҳои Бойбобо гуфтаро, хушдоманаш, ки аз дар медаромад шунида:

- Албатта келинам бо Шумо рафта шавҳарашро гирифта меорад. Манн худам бо ӯ меравам!

- Рафтани Шумо лозим нест! Саодат ба назди милисаҳо рафта камее гиряву зорӣ кунад бас аст!

Бойбобо ҷониби Саодат нигоҳ карда розигии ӯро гирифтан мехост. Саодат хомӯш буд. Бойбобо хомӯшии ӯро камоли ризоияташ фаҳмида хурсанд шуд ва шишаи конякро ба даст гирифт. Чор қадаҳро пур кард. Ба Комил ва занаш низ гуфт, ки якҷоя қадаҳ мебардоранд, ки Фурқат озод шавад. Саодат чорае надошт ва қадаҳро ба даст гирифт. Хушдоманаш дар нӯшидани коняк устухон надошта аст. Баъди нӯшидан таъби се нафара боло шуд. Таҳо Саодат дар фикри худаш буд. Вай намехост, ки тани нозуки худро ба ихтиёри ин марди хомфарбеҳ диҳад. Ҳайрон аз он буд, ки хушдоманаш ва хусураш эътирозе надоштанд.

     Шиша паси шиша холӣ мешуд. Падар вам одари Фурқат маст шуда фарзандашонро фаромӯш карда буданд. Комил, к иду рӯз боз чизеро ба даҳон нагирифта буд маст шуда ба кунҷи хона ғалтид. Хушдомани Саодат магнитафонро монд. Дар зери навои «Танаввор» ба рақс даромад. Вай ноз карда ба назди Бойбобо меомад ва хам шуда дастони ӯро бӯса мекард. Бойбоо ба ӯ эътибор намедод. Чашмони вай ҷониби Саодат буд. Занаки зирак ин нигоҳи Бойбоборо фаҳмида келинашро ба рақс кашид. Саодат шармида ба мобайн баромад. Баробари ба рақс баромадани ӯ хушдомани Саодат бо баҳонае аз дар баромад. Ин мард дар назари Саодат чун Қори –Ишкамба менамуд. Вай ба суи Саодат даст дароз мекард. Шикамаш халал медод, ки дасташро ба даст гирад. Бойбобо камее хам шуда дасти Саодатро қапид ва ҳаллосзанон ба рақс даромад. Саодат якбора қоҳ-қоҳ занон хандиду нозукона ба хиромидан даромад. Бойбобо каф мекуфту аз қафои ӯ давр мезад ва ӯро дастгир карда наметавонист. Саодатро фикре ба сараш зад. Бояд ин аблаҳро ахмақ созад. Вай ба Бойбобо наздик шуда:

- Қурбонатон шавам. Манн низ интизори он рӯз ҳастам, к ибо Шумо бошам. Манн зани шавҳардо ҳастам. Ҳозир худамро ба оғӯшатон мепартофтаму касали занона шудам. Ба болоятон бароям либосҳои зебоятон пур аз хун мешавад. Се рӯзи дигар тоқат кунед манн азони Шумо мешавам. Хусур ва хушдоманам низ баъди озод шудани писарашон ба манн кордор намешаванд. Манн алакай аз шавҳари бангӣ безор шудам-гуфта аз лабони арақолуди Бойбобо бӯсае кард. Баробари бӯсидан ва шунидани ин гапҳо ба тани Бойбобо ҷон даромад. Ваъда дод, ки худи пагоҳ шавҳарашро озод карда ба хона меорад. Дераш дар муддати се рӯз ин корро мекунад ва аз Саодат ком меситонад.

Бойбобо хуб чархид ва нӯшиду дар ҷояш хобаш бурд. Кассе нафаҳмид, ки ба қадаҳи вай Саодат доруи хоб рехта буд. Се нафар дар се гӯшаи хона хоб кардан два баробар хӯррок мекашиданд. Шӯхии Саодат омад ва ба назди хушдоманаш омада, аз дасташ гирифта вайро хезонид ва курпачае партофта дар барии Бойбобо хобонид. Хушдомани масташ низ «Чонам булди» гуфта дасташро ба болои Бойбобо партофта ӯро оғӯшкунон ба хуррок кашӣ даромад.

Саодат хандакунон аз хона баромад. Вай зарфҳоро шуста ҷо ба ҷо кард. Аз кори кардааш завқ карда механдид ва оқибаташро интизор буд. Аз байн ду соат гузат вай ба хона даромада барқро хомӯш кард ва дар дивани рӯи ҳавлӣ дароз кашида интизори тамошои саҳнаи тайёр кардааш шуд.

   Баъди лаҳзае ба гӯшаш садои гапзадан баромад. Тиреза кушода буд. Вай гӯшаи пардаро бардошта бемалол даруни хонаро дида метавонист. Хушдоманашро дид, ки ба Бойбобо сахт часпида ӯро бусаборон мекунад. Бойбобо дар аввал беҳаракат буд. Зани пуртаҷрибаи танноз тасмаи Бойборо кушода дасташро даруни шимми Бойбобо кард. Баъди лҳзае ҳаш-ҳаши Бойбобо баромад. Бойбобо низ фаъол шуда буд. Занак наметарсид, ки дар бараш шавҳараш хоб аст. Ин ду шахси фосиқ ба ҳам печида буданд. Саодат интизори он буд, ки ҳар дуяшон либосҳояшонро кашанд. Баъди кашидани либосҳо ва ба кор сар кардан Саодат гӯё нафаҳмида ба хона даромад ва барқро равшан кард. Барқ равшан шуду ду фосиқ саросема шуданд. Онҳо намедонистанд, ки тани урёни худро чи тавр пинҳон созанд. Саросемавор бойбобо куртаи занакро ба сараш кашид. Зани луб –луч аз ҷояш хеста ба берун тохт. Комил ё масти хоб буд ва ё ин корро медиду баҳри халосии писараш чизе намегуфт. Саодат бошад : Вай шармандаҳо-гуфта худашро ба берун зад. Вай дилашро дошта завқкунон механдид. Хушдоманаш ба хоани хобаш даромад. Бойбобо то ба ҳол ба худ наомада буд….

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД