35 years of independency
Иҷозатномаи махсус барои фурӯши барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии мошинҳо
02.10.2026
Oila.tj
89

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз соҳибкорону корхонаҳое, ки тавассути истгоҳҳои пуркунии мошинҳои барқӣ нерӯи барқ мефурӯшанд ё мехоҳанд чунин фаъолиятро оғоз кунанд, талаб кард, ки иҷозатномаи махсус гиранд.

Тибқи иттилои вазорат, қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон дар охири моҳи август қабул шуда, фурӯши нерӯи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии мошинҳои барқӣ ҳамчун фаъолияти махсус муайян шудааст.

Барои ба расмият даровардани фаъолият ва гирифтани иҷозатнома соҳибкорон бояд ба сомонаи ijozat.mewr.tj ворид шуда, сабти ном кунанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, барои гирифтани маълумоти бештар метавон ба Вазорати энергетика ва захираҳои об муроҷиат кард ё бо рақами 235-98-51 тамос гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД