Ҳиндустон талош дорад аз паҳншавии вируси марговари Нипаҳ пешгирӣ кунад
133

Мақомоти Ҳиндустон барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси ниҳоят хатарноки Нипаҳ (NiV) гурӯҳи махсуси мубориза таъсис додаанд. Ба иттилои The independ, ин вирус дар иёлати Банголаи Ғарбӣ ба қайд гирифта шудааст.

То ҳол панҷ ҳолати сироят тасдиқ шудааст, ки он ҳам дар байни табибон ва ҳамшираҳои шафқат мебошад.

Гуфта мешавад, ки бар асари ин вирус зиёда аз сад нафар ба карантин равона шудаанд. Беморон дар бемористонҳои пойтахти иёлат - шаҳри Калкутта табобат мегиранд, ки ҳолати як нафар аз беморон вазнин арзёбӣ мешавад.

Вируси Нипаҳ патогене аст, ки тавассути муши паррон (кӯршапаракҳо), монанд ба ҳолати вируси COVID-19 паҳн мешавад. Он аз ҳайвонот ба инсон тавассути ғизои олудашуда мегузарад ва метавонад боиси шаклҳои шадиди энсефалит ва бемориҳои роҳи нафас гардад.

Нишонаҳои беморӣ таби баланд, дарди сару мушакҳо ва хастагии шадид мебошанд.

Нипаҳ ҳамчунин метавонад сулфа, нафастангӣ ва илтиҳоби шушро ба вуҷуд орад. Бар зидди ин вирус то ҳол ваксина ва табобати мушаххас вуҷуд надорад. Сатҳи маргумир дар сурати гирифторӣ то 80 фоиз мерасад, ки даҳҳо маротиба бештар аз COVID-19 аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД