Бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемориҳои сироятии мавсимӣ маъракаи ваксинатсия бар зидди вирусҳои зукоми навъи А ва навъи B дар Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №13”-и шаҳри Душанбе миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, нахустин шуда роҳбарияти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва дигар кормандони соҳа ваксинаи зидди вирусҳои зукоми навъи А ва навъи B-ро гирифтанд.
Ҳадафи асосии чорабинии номбурда пешгирии бемории зукоми мавсимӣ, ки сабабгораш вирусҳои зукоми навъи А ва навъи B мебошанд, нигоҳ доштани қобилияти кории кормандони тиб барои саривақт расонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологӣ дар миқёси ҷумҳурӣ гуфта мешавад.