formula
Илми тоҷик Маскавро забт кард
834

Нуҳ нафар хонандагони Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмиллалии «Ҳамадонони сайёра-2023» сазовори ҷойи аввал, диплом, медали тилло, ҷоми Олимпиада ва як нафар хонанда, ки дар ҳалли тестҳо номгӯйи Олимпиада ихтиёрӣ иштирок намуд, сазовори диплом, медали биринҷӣ ва ҷом дониста шуд.

Олимпиада тариқи низоми тестӣ, аз фанҳои алгебра, биология, химия, физика, география, таърихи ҷаҳон, иҷрои корҳои хурди илмӣ баргузор гардида, ҳадафи он ташаккул додани донишу маҳорат, васеъ гардонидани ҷаҳонбинии хонандагон ва дарёфти истеъдодҳои нав, такмил ва инкишофи қобилияти амалии хонандагон, малакаи истифодаи донишҳояшон дар ҳолатҳои ғайриқолабӣ (ғайристандартӣ), фаъолияти ҷўяндагӣ барои ҳалли масъалаҳои амалӣ мебошад.

Олимпиадаи мазкур аз 21 то 24 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид.

Пас аз ҷамъбасти Олимпиадаи байналмиллалии «Ҳамадонони сайёра-2023» Литсейи №2 барои ишғоли ҷойҳои аввал ба ҷоми махсуси даставӣ, ҳамчун ҷойи аввал сазовор дониста шуд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд омода ва сафарбар намудани хонандагон ба директор, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Литсейи №2 низ Сипоснома дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД