Дар заминаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони кореягӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар кушодашавии ин марказ ректори Донишгоҳи миллӣ Эмомалӣ Насриддинзода, сафири Корея дар Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик ширкат намуданд. Ҳадаф аз ифтитоҳи ин марказ омӯхтани забони кореягӣ ба шумор меравад, ки мувофиқ ба самти ихтисосҳои факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мебошад.
Зикр гардид, ки таъсиси чунин синфхона барои рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, эҷоди барномаҳои нави таълимӣ мусоидати бештар хоҳад кард.