Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон имрӯз аз як ҳодисаи нохуш - садамаи нақлиётии марговар хабар дод.
Гуфта шуд, ки санаи 17.07.2024, тахминан соати 18:20 дақиқа ба навбатдори Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон аз тарафи сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ хабар дода шудааст, ки дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ дар минтақаи ноҳияи Айнӣ, мавзеи оби Хуиҷ, дар километри 122 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Баъди гирифтани хабар гурӯҳи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон бо роҳбарии муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Кучаков Ҷамшед, сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди раёсат подполковник Розиқов Шодӣ ва сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд. Вақти ба ҷойи ҳодиса расидан маълум гардидааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи HONDAY AVANTA аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Фондарё тақрибан ба чуқурии 150 180 метр сарозер шудааст. Дар дохили автомашина 2 нафар зан ва 2 нафар кӯдак будаанд, ки 3 нафарашон ҳангоми сарозер гаштани автомашина аз дохили он ба берун афтода, ба ҳалокат мерасанд.
Наҷотдиҳандагон бо ёрии кормандони ширкати IRS бо таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ва ғаввосӣ ба лаби дарё фаромада, 1 нафар кӯдакро зинда аз лаби дарё бароварда ба беморхонаи маркази ноҳия интиқол додаанд.