arzon replenishment
Гурӯҳҳои кории вазорат ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар мешаванд
14.03.2025
Oila.tj
398

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳҳои кории вазорат, ки барои расонидани кумаки дастурию методӣ дар самти пешгирии фавти модару кудак ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар мегарданд, баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар вохӯрӣ муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Тавре зикр гардидааст, ҳадаф аз таъсис додан ва сафарбар намудани гурӯҳҳои корӣ иборат аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи марказҳои саломатӣ, солимии репродуктивӣ, таваллудхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббию табобатӣ - ин пеш аз ҳама расонидани кумакҳои дастурию методӣ ба мутахассисони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ин роҳ пешгирии фавти модару кӯдак ба шумор меравад.

- Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД