Боздиди гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои сохтмонии иншооти тандурустии навбунёд дар ноҳияи Файзобод анҷом ёфт.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи таҷрибавии Файзобод сохтмони маркази ташхису табобатӣ, Беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказии ноҳиявӣ сурат гирифтааст.
Гурӯҳи кориро Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар ҳайати он Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Лоиҳа, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, роҳбарон ва масъулони ширкати сохтмонӣ ва дигар мутахассисони гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намудаанд.
Зимни сафар гурӯҳи корӣ ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёди маркази ташхису табобатӣ иборат аз 3 ошёна ва таъмиру навсозии Беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд иборат аз 2 ошёна баҳои баланд додаанд. Ҳамзамон вобаста ба ислоҳи нуқсон ва камбудиҳои ҷойдошта дар иншоот ва пурра омода намудани муассисаҳои тандурустӣ ба сохтмончиён дастур ва супоришҳои мушаххас дода шудааст.