Sebiston new 2024 october
Гург дар хоб чӣ таъбир дорад?
2489


Салом! Чанд шаб боз фақат гург хоб мебинам. Гоҳ дар хобам маро галаи гургон тала мекунанд, гоҳи дигар гурге думболагирам мешавад ва ҷонҳавл рӯ ба гурез мениҳам.

Ин хобҳои ваҳшатнок маро чунон ба даҳшат меоранд, ки дар обу арақ тар шуда аз хоб бедор мешавам ва хаёл мекунам, ки дилам аз қафаси синаам ба берун зада мебарояд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
Хушнуд, сокини шаҳри Душанбе

Посух

Азбаски гург ҳайвони дарранда аст, диданаш чи дар бедорӣ ва чи дар хоб касро ба даҳшат меорад, аммо ин чунин маъно надорад, ки шахси гург хоб дида ҳатман ба ягон фалокат гирифтор мешавад.

Аслан гург дар хобномаҳо ба таври гуногун таъбир карда шудааст. Ғайбдони машҳури олам Ванга гургро дар хоб рамзи одами маккор ва ҳиллагар номидааст. Ба андешаи Ванга агар кас гурги танҳоро хоб бинад, бо шахси айёре шинос мешавад, вале галаи гургонро хоб бинад, дӯстонаш ба ӯ хиёнат мекунанд.

Шикор кардани гург дар хоб нишонаи ба чанги милиса афтидани яке аз шиносҳои шахси хобдида мебошад. Модаргурро бо бачаҳояш хоб бинӣ ба иҳотаи одамони дурӯя меафтӣ.
Раиси ширкат ё корхона гург хоб бинад, дар коллективаш шахсе пайдо мешавад, ки сирру асрори тиҷоратии корхонаро ба рақибон фош месозад.
Аммо куштани гург дар хоб фоли нек буда,аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида бар душманонаш ғолиб меояд. Шунидани зӯзаи гург дар хоб далели он аст, ки шумо макри бадхоҳонатонро фош намуда, ҳақ будани худро исбот карда метавонед.
Бояд гуфт, ки барои занону духтарон гург хоб дидан хуб аст. Зан хоб бинад, ки гургбачае худро ба пойҳои ӯ молида истодааст, бо марди орзуҳояш вомехӯрад.
Тибқи хобномаи исломӣ, кас хоб бинад, ки ба хонааш гург даромада истодааст, бояд эҳтиёт шавед, зеро хатарӣ даромадани дузд ба он манзил вуҷуд дорад.
Хулоса, гург дар хоб рамзи душман аст, агар шумо онро куштед ё мағлуб намудед, бар душманон ва бадхоҳони худ ғолиб меоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД