Меваю сабзавот ба саломатии инсон, махсусан кӯдакон ва занону духтарон фоидаҳои зиёде дорад. Имрӯз, ки фасли тирамоҳи заррин ҳукмфармо буда, дар полиз ва бозорҳои кишварамон меваю сабзавот фарвон аст, ҳарчи бештар аз ин неъматҳои табиат истифода баред, то солимтару бардамтар гардед.
Имрӯз мо ба шумо - хонандагони азиз дар бораи чанд фоидаи гулкарам ба бонувон маълумот медиҳем.
1. Дар қиёс бо карами оддӣ дар таркиби гулкарам ду-се баробар бештар витамину минералҳои барои саломатии инсон зарурӣ мавҷуд буда, ба сӯзондани калорияҳои зиёдатӣ ва об шудани равғани бадан мусоидат менамояд. Бонувоне, ки гулкарамро дӯст медоранд, ба зудӣ аз фарбеҳӣ халос шуда, химчамиён ва зебою дилкаш мегарданд.
2. Гулкарам барои ҷигар фоиданок буда, илова бар ин, сатҳи ҳормонҳои занонаи эстрогенро ба низом медарорад.
3. Гулкарам бо бисёр касалиҳо, махсусан бо бемориҳои занона фаъолона мубориза бурда, хатари гирифтор шудан ба саратони гарданаи бачадон, саратони сина ва дигар омосҳоро пешгирӣ менамояд.
4. Шарбати гулкарам ба вораи дандонҳо фоида дорад.