Arzon march 2024
Гулбаҳор Ғаффорова ба Русия кӯч баст?
21.05.2022
ОИЛА
1417


Ман мухлиси саҳнаҳои ҳаҷвии ҳунармандимаъруф Гулбаҳор Ғаффорова мебошам.

Ҳамеша саҳнаҳои аҷибу роҳатбахшеро, ки бо иштироки ин бонуи ҳунар таҳия мегардад,бо камоли майл тамошо карда, аз ханда рӯдакан мешавам. Гулбаҳорро дар як вохӯрии ногаҳонӣ хубтар шинохтам. Зани хоксору самимӣ буда, бо ҳамаяк хел муомила мекунад, дар ҷувудаш кибру ғуруру худписандӣ дида намешавад. Сабаби ба ҳафтанома мактуб нигоштанам як овоза аст. Шунидам, ки Гулбаҳори азизу дӯстдоштании мову шумо ба пуррагӣ тарки Тоҷикистон намуда, минбаъд дар Русия зиндагӣ мекардааст. Хоҳишмандамто куҷо ҳақиқат доштани ин овозаро ба мо равшан намоед?
Гулсанам, ш. Турсунзода.

Посух
Барои пайдо намудани посух ба саволи хонанда ба саҳифаи шахсии Гулбаҳор Ғаффорова дар шабакаи инстаграм ворид шуда, бо ин бонуи ҳунар суҳбат оростем. Гулбаҳорбону овозаи мазкурро рад карда қайд намуданд, ки “Хоки Ватанро ҳеҷ гоҳ ба Аврупову Амрико ва Русияву Австралия иваз намесозам, Тоҷикистон бароям биҳишти рӯи дунё аст. Ба Маскав омадани ман ба хотири зиндагии доимӣ нест, бо сафари корӣ омадем ва баъди чанд рӯз дубора ба Тоҷикистон бармегардам”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД