formula feb 2025
Гулбаҳор Ғаффорова: Ҳаҷв бояд таҳқир ва масхара надошта бошад
517

 

Номи Гулбаҳор Ғаффорова солҳост, ки ба тамошобини тоҷик ошност. Ӯ бо маҳорати баланди хеш дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба дили мардум ошён гузоштааст. Гулбаҳор Ғаффорова яке аз чеҳраҳои дурахшони театр-студияи машҳури "Хандинкамон" мебошад.

Гулбаҳор 1-уми апрели соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ба гуфтаи худаш вай бо вазни муқаррарӣ – 3 кг 600 гр таваллуд шуда, аммо дар овони кӯдакӣ бинобар табобати нодуруст, гирифтори бемории фарбеҳӣ шудааст. Ҳоло қадаш - 1,60 ва вазнаш тақрибан -130 кг аст. Вале вазни зиёдатӣ ба Гулбаҳор халал нарасонид. Ӯро тамошобин дӯст дошт. Воқеан, магар мешавад Гулбаҳор Ғаффороваро дигар хел тасаввур кард?

Гулбаҳор дар овони ҷавонӣ мехост духтури кӯдакона шавад, аммо ин орзуяш амалӣ нагашт. Баъдтар, дар ихтисосҳои гуногун худро санҷид, аз ҷумла дар соҳаи муҳандисӣ ва ҳуқуқшиносӣ таҳсил намуд, аммо ниҳоятан сарнавишти хешро ба саҳна пайваст.

Гулбаҳор дар мусоҳибае гуфтааст, ки баъд аз чандин таҷрибаҳои гуногун, ӯ дарк намуд, ки саҳна беҳтарин макони худшиносӣ ва муаррифии ӯст. Зиёда аз 20 сол мешавад, ки вай дар саҳнаи ҳаҷвӣ фаъолият мекунад ва бо театри машҳури "Хандинкамон" шӯҳрати зиёд ба даст овардааст.

Вале чанд сол қабл Гулбаҳор Ғаффорова аз театр-студияи “Хандинкамон” дур шуд. Ӯ иқрор шудааст, ки барои тарк кардани "Хандинкамон" душвор буд. Гулбаҳор гуфта буд, ки ин театр-студияро ҳамчун фарзанд медонад, ки аз соли 1997 то 2012 онро бо меҳнати зиёд ба дараҷаи баланд расониданд. Аммо, нофаҳмиҳои миёни аъзоён ва роҳбарон сабаб шуд, ки ҳайати аввали ин гурӯҳ пош хӯрад. Аз театр-студияи “Хандинкамон” Сулаймон Саидғозиев ҳам рафта буд.

Баъдан, Гулбаҳор Ғаффорова ба театр-студияи "Коно ва Доно" пайваст ва фаъолияти ҳунарии худро идома дод. Ҳамчунин, ӯ дар филмҳо нақшофариро оғоз кард.

Гулбаҳор Ғаффорова бо вуҷуди он ки солҳо дар саҳнаи ҳунар фаъолият намуд, вале соҳиби манзили зист нашуд. Соли 2022 пас аз як муроҷиати видеоӣ, соҳибкор Раҳими Ғармӣ ба Гулбаҳор Ғаффорова тӯҳфа кард.

Хушбахтона, соли 2024 Гулбаҳор Ғаффорова ба театр-студияи “Хандинкамон” баргашт. Ба дунболи ӯ Сулаймон Саидғозиев ҳам омад. Ҳамин тавр, тими “Хандинкамон” ба асли пешин баргашт ва имрӯз, дар Тоҷикистон ва берун аз он пайваста ҳунарнамоӣ мекунанд.

Гулбаҳор Ғаффорова мегӯяд, ки ҳаҷв бояд камбудиҳои ҷомеаро ошкор намояд ва онро набояд масхара пиндошт: “Кӯшиш мекунем бештар камбудиҳои ҷомеаро бигӯем. Аммо ҳар ҳарфу суханро донистаю санҷида бояд гуфт, чунки як сухан метавонад дорои чанд маънӣ бошад ва онро ҳар кас ҳар навъ фаҳмад. Барои хандонидан наметавон ҳар чизе дар сар омад, онро гуфт. Ҳаҷв бояд таҳқиру масхара надошта бошад.”

Гулбаҳор Ғаффорова имрӯзҳо барои сафарӣ ҳунарӣ ба Русия омодагӣ мебинад. Қарор аст, театр-студияи “Хандинкамон” тобистони имсол силсилаи консертҳоро дар шаҳрҳои Русия баргузор намояд. Мо ба ин ҳунарманди саршинос барор мехоҳем.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД