Фаига Оташин, овозхон ва ҳунарпешаи 71-солаи эронӣ, ки сар аз соли 2000-ум дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико зиндагӣ мекунаду бо тахаллуси саҳнавии “Гугуш” машҳур аст, ин ҳафта клиптаронаи навашро нашр кард.
Он “Беқарор” унвон гирифта, шеъраш моли шоири эронӣ Раҳо Этемадӣ ва оҳангаш мутааллиқ ба овозхони маъруфи Эрон Сиёвуш Қумайшӣ гуфта мешавад. Нақши марказиро дар намоҳанг худи овозхон, ки истеъдоди ҳунарпешагӣ низ дорад, бозидааст. Ӯ ҳарчанд 71 сол дорад, вале ба назар хеле ҷавон ва чусту чолок менамояд. Хонум Гугуш бо клиптаронааш ҳар як шунавандаву бинандаро ба беқарорӣ даъват карда, мегӯяд, ки аз роҳи худ пас нагарданд ва барои расидан ба орзуҳояшон кӯшиш намоянд.
Клиптаронаи “Беқарор”-ро аз рӯзи нашраш то кунун дар саҳифаи “Googoosh” дар шабакаи YouTube зиёда аз 90 ҳазор маротиба аз назар гузаронидаанд.
Дар охир овозхон ба гурӯҳи эҷодӣ барои заҳматҳояшон изҳори миннатдорӣ кардааст. Хонум Гугуш ба ғайр аз овозхон буданаш, ҳунарпеша низ ҳаст. Ӯ қариб дар 30 филми ҳунарӣ нақшҳои хурду бузург бозида, бо шарофати филми “Шаби дароз” миёни кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ маҳбубият ба даст оварда буд.