Сарнавишти Миҷгона ва фарзандони ятимаш
Миҷгона, сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар оилаи камбизоат ба воя расидааст. Бо сабаби мушкилиҳои зиндагӣ ин зан натавонистааст ҳатто мактаби миёнаро хатм намояд. Волидонаш ӯро дар 18-солагӣ ба шавҳар додаанд, вале баъди соҳиби ду фарзанд гаштан ҳамсараш зери чархи мошин монда, бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам гузаштааст. Таъмини Миҷгона ва фарзандони хурдсолаш барои волидони пираш, ки зиндагиашонро бо нафақаи пиронсолии худ пеш мебурданд, душворӣ карда, баъди як сол ӯро ба марди занмурдае ба шавҳар додаанд. Миҷгона аз ин шавҳараш низ як фарзанд дорад, вале кӯдаконаш то ҳол шаҳодатномаи тавалллуд надоранд. Ҷавонзан мегӯяд, бо сабаби дур мондан аз таҳсил натавонист ягон касбу ҳунар омӯзад. Азбаски ҷойи кор ва манбаъи даромад надорад, намедонад аз куҷо пул ёфта, ба кӯдаконаш шаҳодатномаи таваллуд бигирад. Оилаҳое, ки ба мисли Миҷгона бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ ва дигар монеъаҳо то кунун фарзандонашон шаҳодатномаи таваллуд надоранд, кам нестанд. Соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳалли ин масъала ва таъмини кӯдакон бо шаҳодатномаи таваллуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар як кӯдак бениҳоят зарур аст, бо қарори худ гирифтани шаҳодатномаи таваллудро ройгон намуд. Ин қарор ба киҳо дахл дорад ва барои ба таври ройгон ба фарзандони худ шаҳодатномаи таваллуд гирифтан волидон бояд чи кор кунанд?
Ба хотири ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо муовини сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Саидмуродзода ҳамсуҳбат шудем.
- Рост аст, ки гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои кӯдакон дар кишвари мо ройгон шудааст?
- Кӯдакон ҳамеша дар маркази диққати Пешвои миллат, Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли наврас пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, барои ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқӣ ва таъмини ояндаи дурахшони кӯдакон чораву тадбирҳои зиёде меандешад. Яке аз чунин тадбирҳои судманд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №159 аз 28 феврали соли 2025 ройгон гаштани гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои кӯдакон мебошад.
- Шаҳодатномаи таваллуд танҳо ба кӯдакони навзод ройгон дода мешавад ё барои тамоми кӯдакон?
- Мувофиқи қонун акнун дар ҷумҳурии мо сарфи назар аз синну сол гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои тамоми кӯдакон ройгон мебошад.
- Дар кишвари мо оилаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо сабаби душвориҳои иқтисодӣ, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани падару модар ва омилҳои дигар кӯдаконашон 5-6 сола шуда бошанд ҳам, то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надоранд. Чунин падару модарон барои сари вақт нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд ҷарима карда мешаванд?
- Қаблан ҷарима карда мешуданд, вале акнун ҷарима аз байн бардошта шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ройгон гардонидани шаҳодатномаи таваллуд бо ин ҳуҷҷати муҳим таъмин намудани тамоми кӯдакон буд. Сарфи назар аз он ки фарзандашон чансола аст, волидон метавонанд бо дили пур барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандї ё идораи ҷамоат муроҷиат намоянд. Ин ҳуҷҷат ба онҳо ба таври ройгон дода мешавад.
- Барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст?
- Барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:
1. Маълумотномаи тиббӣ аз таваллудхона;
2. Шиносномаи падар ва модари кӯдак;
3. Хатти ақди никоҳ.
- Ҳамсароне ки ақди никоҳашон расман дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст, метавонанд ба таври ройгон ба фарзандонашон шаҳодатномаи таваллуд бигиранд?
- Оре, метавонанд, вале барои ин аввал бояд шаҳодатномаи муқаррар кардани падариро бигиранд. Ин ҳуҷҷат дар асоси аризаи шахсе, ки худро падари кӯдак меҳисобад, дода мешавад. Мард падари кӯдак буданашро эътироф накунад, он гоҳ барои муқаррар кардани падарӣ ба суд муроҷиат намудан лозим аст.
- Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави кишвар кору зиндагӣ мекунанд, барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба фарзандонашон ба куҷо бояд муроҷиат намоянд?
- Муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз марзи кишварамон қарор доранд, барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд бояд ба сафоратхона ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар муроҷиат намоянд.
- Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак гум шавад, онро дубора ба таври ройгон барқарор кардан мумкин аст?
- Не, дар чунин ҳолат барои дубора шаҳодатномаи таваллуд гирифтан маблағи муайянеро пардохт намудан лозим меояд. Аз ҳамин хотир падару модарон бояд масъулиятшинос ва эҳтиёткор бошанд ва нисбати ҳуҷҷатҳои фарзандонашон бепарвоӣ зоҳир накунанд.
- Маслиҳати шумо ба падару модароне, ки фарзандонашон то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надоранд?
- Тавсияи ман ҳамин аст, ки фурсатро аз даст надода, ҳарчи зудтар барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба мақомоти сабти аснодиҳ шаҳрвандӣ ё ба идораи ҷамоати макони зисти худ муроҷиат намоянд. Гирифтани Шаҳодатномаи таваллуд барори ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак ва бархӯрдор гаштан аз кӯмакҳои тиббию иҷтимоӣ хеле зарур аст.
- Барои суҳбати муфид як ҷаҳон ташаккур!
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.