Дар асоси пажуҳиши Маркази таҳлилии "GALLUP" - и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷиикистон дар сархатти давлатҳои амну ороме дохил гардид, ки шаҳрвандонашон ба "Кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот боварӣ ва эътимод" доранд.
Дар ин ҷадвал Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Сингапур дар ҷои дуввум буда, Фаронса бошад дар ҷои шашум қарор дорад.
Дар ин бора расонаҳои ҷаҳон бо такя ба манобеи худ хабар додаанд.
Ин пажуҳиш бори дигар собит намуд, ки кормандони мақомоти милитсия, амният ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот барои таъмини оромӣ ва эътимоди халқи шарифи Тоҷикистон ба оянда ва дар зери сояи сулҳу осудагӣ зистан заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд.