Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 то 30-юми август Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беш аз 300 нафар ҳунармандон аз 70 давлати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Тоҷикистонро дар фестивали мазкур ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радио, Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва чор мутриб муаррифӣ менамоянд.
Фестивали байналмилалии мусиқии “Таронаҳои Шарқ” соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.
Ҳадафи фестивали “Таронаҳои Шарқ” муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Фестивал дар ду сол як маротиба дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешавад.
Дар доираи фестивал дар мавзӯи «Фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ: асосҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад.