sebiston july new
Форуми сармоягузории Тоҷикистону Италия дар Рим баргузор мешавад
516

 

Нимаи дуюми моҳи апрел дар Рим Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия баргузор мегардад.

Масъалаи омодагӣ ба форуми сармоягузорӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пинна дар Душанбе баррасӣ гардидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҳамзамон вазъи ҳамкории Тоҷикистон ва Италия дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, табодули таҷриба дар самтҳои ҷалби ширкатҳои итолиёвӣ ба Тоҷикистон, баргузории чорабиниҳои минтақавӣ дар самтҳои тиҷоратӣ ва рушди долонҳои нақлиётӣ баррасӣ гардидааст.

- Таъкид шуд, ки баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия барои муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон ба ширкатҳои итолиёвӣ ва ҷалби сармояи итолиёвӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД