Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми 2-юми байналмилалии кишварҳои ИДМ оид ба ғизои мактабӣ таҳти унвони «Ғизои мактабӣ - сармоягузорӣ ба насли миллати солим» ба кори худ оғоз намудаву идома дорад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар он сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо, шарикон оид ба рушд ва доираи васеи мутахассисону коршиносони соҳа ширкат доранд.
Зимни форум гуфта шудааст, ки ҳифзи саломатии кӯдакон шарти муҳими рушд ва шукуфоии кишвар буда, яке аз шартҳои муҳими ташаккул ва нигоҳдории саломатии кӯдак ғизои ӯ мебошад.
Қайд гардидааст, ки Форуми мазкур натиҷаи талошҳои миллӣ дар соҳаи таъмини ғизои кӯдакон, муаррифии таҷрибаҳои беҳтарин, таҷрибаи кор бо волидон, лоиҳаҳо оид ба тарғиби ғизои солим дар байни аҳолии Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаро намоиш хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки форуми мазкур то 22-юми ноябри соли равон ба кори худ идома хоҳад дод.