Муҳаммад Саиф Ал Сувайдӣ, Директори генералии Фонди рушди Абудабӣ изҳор доштааст, ки фонди мазкур омода аст барои сохтмонӣ неругоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намояд. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи ҷумҳурӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Директори генералии Фонди рушди Абудабӣ (ADFD) Муҳаммад Саиф Ал Сувайдӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди баррасӣ қарор гирифта, Султон Раҳимзода имконияти васеи энергетикии Тоҷикистонро махсусан дар соҳаи энергияи «сабз» муаррифӣ намуда, аз ADFD даъват ба амал овардааст, ки барои татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ сармоягузорӣ намояд.
Ал Сувайдӣ, Директори генералии Фонди рушди Абудабӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба омодагии ADFD-ро барои баррасии имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика иброз дошта, гуфтааст, ки ADFD дар маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар кишварҳои гуногун таҷрибаи ғанӣ дорад ва мехоҳад ин ҳамкориро бо Тоҷикистон низ густариш диҳад.