35- сол муқаддам дар Тоҷикистон фоҷеаи мудҳише рух дода, мардуми шарифи тоҷикро ба мотам нишонд.
Субҳи 23 -уми январи соли 1989 соати 05:02 ба вақти маҳаллӣ дар мавзеи Шарораи водии Ҳисор заминларзаи шадиде ба амал омад, ки қувваи он ба 7 балл (дар баъзе сарчашмаҳо 5.5 балл) расида буд.
Он субҳ ҳанӯз мардум дар хоби ноз буданд ва он зилзилаи тақдирсӯз садҳо нафарро ба зери хок бурд.
Мегӯянд ҳар гуна хатар, хоса заминҷунбиро аввал ҳайвонот эҳсос мекунанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, он рӯзи шум низ тақрибан 40 дақиқа пеш аз саршавии ларзишҳои аввалин сагҳои деҳа беист аккос мезаданд.
Ин ҷонварони безаон аз омадани хатари бузурге мардумро огоҳ кардан мехостанд, вале одамият аз куҷо инсоният забони ҳайвонотро медонад...Он субҳи наҳс заминларзаи шадид боиси фалокати бузурге гашт.
Теппаи гилин, ки ба назар устувор менамуд ба ин такони сахту ғайриодӣ тоб наоварда дар такони дуввум бо лою гили азим бо суръат ба доманаи деҳаи Шарора фурӯ рехт. Ҳамин тавр Шарораи зебову биҳиштосо пурра зери лою гил монд.
Шоҳидони воқеа зикр намудаанд, ки садои заминларза қобили муқоиса набуд. Он аз зарбаи метероид ва ё таркиши бомба ҳам баландтар буд. Лою ярчи фурӯ рехта ба вулқон шабоҳат дошт. Ҳамсоядеҳаҳо ва ҳатто сокинони деҳаҳои аз Шарора хеле дур низ баралло ин садои гӯшхарошро шунида, босуръат ҷунбидани заминро эҳсос карда буданд.
Ин офати бузурги табиӣ натанҳо ба деҳаи Шарора, балки деҳаҳои Оқулии Боло, Оқулии Поён, Қарапучоқ, Якуми май хисороти калони ҷониву молӣ расонд,вале аҳли деҳаи Шарора аз он бештар азият кашиданд. Ин фалокат мурдаву зиндаи деҳаи ободи Шарораро ба коми худ фурӯ бурд.
Зинда мондан аз ин офати табиӣ ғайриимкон ва мӯъҷиза буд. Чунин мӯъҷиза дар он шаби тақдирсӯз низ рӯй дода, тифли навзоде дар гаҳвора ҷон ба саломат бурд.
Ин духтараки аз офат наҷотёфтаро баъдан Шарора ном гузоштанд, ки имрӯз 35 сол дорад.
Мувофиқи маълумотҳо он субҳи қисматсӯз аз офати табиӣ ҳудуди 300 нафар (дар баъзе сарчашмаҳо 274) ҳалок гашта, садҳо нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Лою гиле, ки аз теппа ба Шарора фурӯ рехт, 2100 километри мураббаъро фаро гирифта буд. Ду километр роҳи мошингард пурра хароб гашта, ҳазорон сар чорво талаф ёфт ва заминҳои хоҷагии қишлоқ вайрон гардидаанд.
Аз ҳодисаи нохуши Шарора натанҳо мардуми тоҷик, балки тамоми дунё сахт андӯҳгин шуд. Тамоми ВАО дар ин бора ҳарф мезад. Шунидаву дидаву хондаҳо ба равони гузаштагон фотиҳа хонда, хун мегиристанд. Имрӯз ҳам аз ёд овардани он лаҳзаҳои фалокатбор чашми ҳамагон тар мешаваду ҷигарҳо пора...
Аз идора:
Равони гузаштагони ин ҳодисаи мудҳиш шод ва охираташон обод бод!