Салом ба кулли кормандони заҳматкаши “Оила”. Ман мухлиси ҳамешагии ин сомона ҳастам, саҳифаҳои “Овоза ва ҳақиқат” -ро ҳар ҳафта мутолиа мекунам, чун ҳаёту фаъолияти ситораҳо бештар бароям ҷолиб аст. Мақсади ба шумо муроҷиат карданам низ ҳамин алоқамандиам ба ҳаёти пасипардагии ҳунармандон аст.
Чанд рӯз пеш ҳангоми аз дарс ба хона омадан як ҳамсинфам гуфт, ки Фирӯза Ҳафизова боз ба шавҳар баромадааст. “Ин овозаро аз куҷо бофта баровардӣ”, гӯён, ба дугонаам савол додам. Ӯ гуфт, ки ин овоза набуда, балки ҳақиқат аст ва дар Инстаграм наворҳои тӯйи Фирӯза Ҳафизова нашр шудааст. Ман телефон надорам ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам истифода намебарам. Аз шумо кормандони ҳафтаномаи дӯстдоштаам “Оила” хоҳиш мекунам, ки то куҷо ҳақиқат доштани ин овозаро муайян кунед. Ман мухлиси сурудҳои Фирӯза Ҳафизова ҳастам. Хабари тӯяшро шунида, хурсанд шудам. Агар ин овоза ҳақиқат дошта бошад, ба Фирӯзабону бахти сафеду хонаи обод орзумандам. Худо кунад, ки овозхони дӯстдоштаам ба ҳамаи муроду мақсадҳояш бирасад ва бо сурудҳои нав хотири мо-мухлисонашро зуд-зуд шод намояд.
Сафармоҳ, аз н.Шаҳринав.
Аз идора
Сафармоҳи гиромӣ, мо-кормандони “Оила” боз ҳам кӯшиш мекунем, ки бо беҳтарину ҷолибтарин маводҳои хонданӣ хотири шумо барин хонандаҳои закиро шод намоем. Баъди ба дастамон расидани номаатон барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол бо Фирӯзабону тамос гирифтан хостем, вале касе ба зангҳои пай дар пайи мо ҷавоб надод. Саҳифаи аслии овозхонро дар шабакаи Инстаграм назар кардем, аммо дар мавриди тӯяш Фирӯзабону ҳеҷ расму навореро нашр накардааст. Аммо бо такя ба чанд расму наворҳое, ки дар дигар саҳифаҳо нашр шудаанд, гуфта метавонем, ки Фирӯза Ҳафизова оиладор шудааст.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, дида мешавад, ки гурӯҳе аз дугонаҳои овозхон дар хонааш ҷамъ омада, ӯро ба муносибати тӯяш табрик ва бахти сафеду зиндагии осуда таманно мекунанд. Ин шавҳари сеюми Фирӯзабону буда, ӯ аз ду издивоҷи қаблияш ду духтар дорад. Чуноне чанд ҳафта пеш хабар дода будем, худи овозхон эълон карда буд, ки боз ошиқ шудааст. Ба ҳар ҳол, бо ба даст овардани навиди тозае шуморо дар шумораҳои баъдӣ огоҳ хоҳем кард.