Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Филипп Киркоров
Ҷой ва соли таваллуд: 30.04.1967, шаҳри Варнаи Ҷумҳурии Булғористон.
Касб: овозхон, ҳунарманд, оҳангсоз ва продюсер.
Ҷоиза: 8 ҷоизаи “Овация”, 5 ҷоизаи “World Music Awards”, чанд ҷоизаи “Золотой граммофон”, “Стопудовый хит” ва “Серебряная калоша”.
Унвон: Ҳунарманди халқии Федератсияи Русия (2008), Ҳунарманди халқии Украина (2008), Ҳунарманди халқии Молдова (2018).
Вазъи оилавӣ: феълан муҷаррад, соҳиби ду фарзанд.
Ҳамсараш: Алла Пугачёва, овозхони рус, ки бо Киркоров 11 сол зиндагӣ кардааст (1994-2005)
-Филипп, синну солатон аз 50 гузаштааст, аммо ҳанӯз ҳам сабку услуб ва тарзи либоспӯшии худро тағйир надодаед. Чаро?
-Синну солам аз 50 гузашта бошад ҳам, худро то ҳол 40-45-сола ҳис мекунам. Ба фикри ман, ҳоҷате барои тағйир додани сабку услуб ва тарзи либоспӯшӣ нест, чун ин ба синну сол алоқамандӣ надорад. Баръакс, ман беҳтарину ҷолибтарин нақшаҳоямро баъд аз 50-солагӣ амалӣ карданӣ ҳастам.
-Дар яке аз мусоҳибаҳоятон гуфта будед, ки соҳиби фарзанд шудан намехоҳед, чун аллакай онҳоро доред: саҳна ва Алла Пугачёва. Нуқтаи назари худро кай иваз кардед?
-Ман ҳамеша соҳиби фарзанд шудан мехостам, аммо метарсидам ва инро дар худ пинҳон мекардам. Баъдан ба орзуям расидам. “Саҳна ҳаёти ман аст ва ҷуз саҳна чизи дигаре намехоҳам” ин танҳо як баҳона буд. Алларо бо айби худам аз даст додам. Ӯ бо ман хушбахт набуд, вале ҳоло хушбахт аст. Ман ба танҳоӣ одат кардаам ва фикр мекунам, ки ин қарори дуруст аст. Ягона дилгармии ман фарзандонам ҳастанду бас.
-Фарзандонатон ба шумо монанданд? Хусусиятҳои худро дар онҳо мебинед?
-Дар ин бора гап задан ҳанӯз барвақт аст, чун онҳо ҳоло хурданд. Алла Виктория (духтари Киркоров, ки ба шарафи Алла Пугачёва ва модари худи Киркоров номгузорӣ шудааст) чанде қабл 9-сола шуд. Писарам Мартин Кристин 8 сол дорад. Писараки боодоб, мулоимсухан ва романтик аст. Алла бошад, ҷасур, нотарс ва зирак. Гуфта метавонам, ки дар оянда дили ҳар мардро тасхир карда метавонад. Мартин футбол, каратэ ва теннисро дӯст медорад. Алла наққошӣ мекунад ва рақсиданро меписандад.
-Фарзандони шумо дар асри XXI ба воя мерасанд. Боварӣ доред, ки дар тарбияи онҳо иштибоҳе накардаед?
-Рости гап, фарзандонамро аз ман дида, бештар аммаам нигоҳубин мекунад. Ӯ зани оқила ва бомаърифат аст. Алла ва Мартин гоҳо эркагӣ мекунанд, аммо аз ҳад намегузаронанд. Ба муаллимаҳои онҳо дар мактаб таъкид кардаам, ки муносибат бо фарзандони ман бояд фарқкунанда бошад, чун онҳо фарзандони Филипп Киркоров ҳастанд.
-Дар кадом рӯзи ҳафта аз кор фориғ гашта, бо фарзандонатон вақт мегузаронед?
-Албатта, дар рӯзи якшанбе. Якҷоя наҳорӣ карда, баъдан дар ҳавз оббозӣ мекунем. Алла ва Мартин бо ман рустшаваконбозӣ карданро дӯст медоранд. Баъди хӯроки шом якчанд соат дар оинаи нилгун барномаҳои кӯдакона тамошо мекунанд. Пеш аз хоб то ҷон доранд, дар рӯйи кати хоби ман ҷасту хез карда, баъд ба утоқҳои худашон мераванд.
-Кӯдакии худро зиёд ба хотир меоред?
-На, ман кӯдакиҳоямро тамоман дар хотир надорам. Қасам хӯрда будам, ки як рӯз ин хотираҳоро ҳатман пок хоҳам кард ва ин корро кардам. Намехоҳам дар доираи хотираҳо, ки пур аз фоҷиаҳост, зиндагӣ кунам.
-Либосҳои зебои саҳнавии худро нигоҳ медоред?
-На танҳо нигоҳ медорам, балки дар Кремл онҳоро ба намоиш гузоштаам. Дар он ҷо ҳатто нахустин либосеро, ки ман баромад кардаам, пайдо кардан мумкин аст. 80 манекен бо чеҳраи Филипп Киркоров махсус барои ман омода шудааст.
-Ягон одат ё хислати бад доред, ки ба худатон писанд набошад?
-На, ҳамаро дар худ дӯст медорам.
-Дар зиндагӣ фикри кӣ бароятон муҳим аст?
-То вақте зинда буд, фикри модарам. Ҳамеша ӯро гӯш мекардам. Баъдан Алла дар ҳаёти ман пайдо шуд. Ҳарчанд ҳоло якҷоя нестем, вале то ҳол ба фикрҳои ӯ боварӣ дорам.
-Орзуи иҷронашудае дар дил доред?
-Худро дар синамо бештар санҷидан мехоҳам.
-Агар зиндагии дуборае вуҷуд медошт, чиро тағйир медодед?
-Аз модарам хоҳиш мекардам, ки зинда бошад.