Филипп Киркоров, ҳунарманд ва овозхони 53-солаи эстрадаи рус ахиран хабар дод, ки бемории сироятии коронавирусро паси сар кардааст.
Шаби 12-уми августи соли равон Филипп Киркоров ва Давид Манукян, рэпсарои 27-солаи рус, ки бо тахаллуси саҳнавии DAVA машҳур аст, клиптаронаи ҷадиду муштараки хешро бо номи “Ролекс” дар яке аз клубҳои шабонаи шаҳри Маскав бори нахуст намоиш додаанд. Овозхон ба фарқ аз дигар меҳмонон дар шабнишинӣ бе ниқоби тиббӣ ҳузур доштааст.
“Ин бемории даҳшатнокро ман бе аломат паси сар кардам, ки ягон вақти дигар муфассалтар нақл мекунам. Дар оила ғайр аз ман каси дигар бемор нашуд. Ба бе ниқоб буданам аҳамият надиҳед, зеро организми ман аллакай ба ин беморӣ мутобиқ шудааст”,-гуфтааст овозхон.
Киркоров афзудааст, ки ба ин беморӣ дар яке аз кишварҳои ҳамсоя, ки ба наздикӣ сафар дошт, сироят ёфтааст. Эҳтимол, овозхон дар Ҷашнвораи санъати “Бозори славянӣ дар Витебск” ба COVID-19 сироят ёфта бошад, зеро дар нимаи моҳи июл бори охир он ҷо баромад карда буд. Меҳмонон диққат додаанд, ки Киркоров давоми чанд соати дар шабнишинӣ ҳузур доштанаш, умуман ниқоби тиббии муҳофизатӣ напӯшидааст.
“Бигзор ниқобро ҳунармандон дар саҳна барои дигаргун кардани чеҳра ва хислаташон бипӯшанд”,-илова кардааст овозхон.