Sebiston new 2024 october
Фестивали маърифати молиявӣ марзҳои худро васеъ мегардонад!
20.09.2023
PROMO
1529

 

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, васеъ намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои бонкӣ, инчунин огоҳсозии истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ аз амалҳои қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, доираи фаъолияти “Фестивали маърифати молиявӣ”-ро васеъ гардонида, онро боз дар 3 минтақаи Тоҷикистон баргузор менамояд!

 Даври аввали фестивал чӣ гуна гузашт?

 Аввалин “Фестивали маърифати молиявӣ” дар Тоҷикистон санаи 13 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар доираи ин фестивал сесияҳои маърӯзавӣ, ярмаркаи хизматрасониҳои гуногуни молиявӣ, суғуртавӣ ва омӯзишӣ доир шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, шоу-барномаҳои рангину ҷолиб, бозиҳои шавқовар барои кӯдакону наврасон ва чорабиниҳои дигар низ гузаронида шуданд. Дар ҷорабинӣ институтҳои пешрафтаи молиявӣ ва коршиносони таҷрибадори самти иқтисод ва молия ҷамъ омаданд.

Фестивали мазкур дар доираи татбиқи “Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” баргузор гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ шудааст.

“Фестивали маърифати молиявӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он зиёда аз 2500 нафар иштирок доштанд. Тавассути васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғот дар экрану мониторҳои Душанбе онро беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандон тамошо карда, маълумот пайдо намуданд.

Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз рафти фестивал қаноатманд гардида, фикру мулоҳизаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд ва аз роҳбарияти БМТ хоҳиш намуданд, ки чунин фестивалҳо на танҳо дар пойтахти мамлакат, балки дар дигар минтақаҳо низ баргузор карда шаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон ин пешниҳодҳоро ба инобат гирифта, марзҳои чорабиниро васеъ мегардонад ва дар фасли тирамоҳ дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ “Фестивали маърифати молиявӣ”-ро баргузор менамояд.

Фестивал ба минтақаҳо доман паҳн мекунад

Сокинони пойтахт дар муқоиса ба сокинони дигар минтақаҳои кишварамон дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бештар иттилоъ доранд, зеро аксари саридораҳои ташкилотҳои молиявӣ ва суғуртавӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд. Бинобар ин, минтақаҳо ба чунин чорабиниҳо бештар ниёз доранд.

Дар ин замина, моҳҳои сентябр, октябр ва ноябр дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ чунин фестивалҳо баргузор карда мешаванд. Баргузории “Фестивали маърифати молиявӣ” дар шаҳри Хоруғ рӯзи 23-сентябр, соати 1500 дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров ба нақша гирифта шудааст.

Санаи 28 октябр дар шаҳри Хуҷанд ва 25 ноябр дар шаҳри Бохтар чунин фестивал гузаронида мешавад. Дар бораи макон ва вақти баргузории фестивал дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар дертар хабар хоҳем дод.

Дар фестивалҳо намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар коршиносоне, ки ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва таҳсилоти молиявӣ алоқамандӣ доранд, иштирок хоҳанд кард.  

 

Барномаи фестивал чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Ярмаркаи хизматрасониҳои молиявӣ ва таълимӣ;
  • Машварати молиявӣ
  • Намоиши молҳои дастӣ
  • Суханронии баромадкунандагон

 Барномаи фароғатӣ:

  • Бозиҳои квизӣ барои мантиқ
  • Барномаи шавқовари кӯдакона
  • Тӯҳфаҳо аз шарикон

 

Дар шаҳри Хоруғ дар барнома ҳунармандони зерин иштирок хоҳанд кард:

Хайём Хаёлбеков, Борис Ҷӯрабеков, Тимур Алифшоев.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамаи хоҳишмандонро ба ин фестивалҳо даъват менамояд. Даромад ба ин чорабинӣ озод аст. Бақайдгирӣ метавонад дар давоми худи чорабинӣ сурат гирад. Умедворем, ки меҳмонони фестивалҳо сатҳи саводнокии молиявии худро тавассути гирифтани маълумот дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ баланд бардошта, инчунин бо хизматрасониҳо ва маҳсулоти молиявии ташкилотҳои қарзӣ шинос хоҳанд шуд.

 

Фаъолияти дигари Бонки миллии Тоҷикистон

оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ҳамасола як қатор чорабиниҳо баргузор менамояд. Аз ҷумла, ба хотири васеъ намудани ҷаҳонбинии молиявии аҳолӣ ҳамасола “Моҳи маърифати молиявӣ” эълон карда шуда, ҳамзамон дар доираи “Ҳафтаи ҷаҳонии пул” (Global Money Week) ва “Ҳафтаи ҷаҳонии пасандозҳо” дар тамоми минтақаҳо чорабиниҳои маърифатӣ гузаронида мешаванд.

Дар ин давра, диққати асосӣ ба масъалаи шиносоии мактаббачагон ва донишҷӯён бо асосҳои молиявӣ равона гардида, ҳамзамон аҳамияти ҷамъоварӣ ва афзун гардонидани пасандозҳо фаҳмонида мешавад.

Аксари ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо чорабиниҳои таълимӣ ва фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, дар байни занон, аз ҷумла оилаҳои муҳоҷирон тренингҳо доира намуда, ба ин гурӯҳи аҳолӣ дар амалӣ намудани малакаи соҳибкорӣ кӯмак мерасонанд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳимояи шаҳрвандон аз амалҳои қаллобони рақамӣ низ кор мебарад: дар ин мавзуъ наворҳои видеоӣ таҳия карда мешаванд, дар васоити ахбори оммаи кишвар маводҳо нашр шуда, операторҳои мобилӣ аҳолиро тавассути sms-паёмакҳо огоҳ месозанд, шабакаҳои телевизионӣ маълумоти заруриро дар бораи ҳимоя аз қаллобони интернетиро дар барномаҳои худ ҷой дода, мардумро огоҳ менамоянд, бар замми ин, мунтазам тренингҳо, семинарҳо ва бозиҳои молиявӣ гузаронида мешаванд.

Фестивалҳои саводнокии молиявӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа муфид хоҳанд буд. Ҳама метавонанд аз онҳо маълумотҳои нав ба даст биёранд ва маърифати молиявии худро тақвият бахшанд.

Сарпарастони расмӣ:

ҶСК "Бонки Эсхата", ҶСК "Ориёнбанк", ҶСК "Душанбе сити бонк", ҶСК "Бонки аввали маблағгузории хурд", Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC), Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД