Ҳамасола аввалҳои моҳи июн ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон “Фестивали футболи кӯдакона”-ро баргузор мекунад. Имсол панҷсолагии Фестивали футболи кӯдакона бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ дастгирии варзиши кӯдакона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни насли ҷавонон мебошад.
Фестивали футболи кӯдакона дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи шаҳри Душанбе баргузор гашта, даҳҳо нафар кӯдакону наврасон дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт ҷамъ омаданд, то дар ин чорабинии шавқовари варзишӣ иштирок намоянд.
Кормандони ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» дар чорабинӣ фаъолона иштирок карда, барои кӯдакон машқҳои гармкунанда ва мусобиқаҳои шавқовари варзишӣ ташкил намуданд.
Волидон ҳамроҳи фарзандонашон дар эстафетаҳои гуногуни варзишӣ ширкат варзида, Фестивали футболи кӯдакона ба як ҷашни ҷолиби оилавӣ табдил ёфт. Ҳузури аниматорон дар либоси қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон аз филмҳои машҳури тасвирӣ ба чорабинӣ шукӯҳи дигар бахшид. Кӯдакон дар ҳавои мусиқии ҷаззоб табъи дил рақсиданд ва шодию хурсандӣ карданд.
Дар охир аз ҷониби ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Душанбе ба иштирокчиёни ҷашнвора тӯб ва бозичаҳо тақдим карда шуд.