Arzon march 2024
Файзулло Машраб: Мошин аз ман буд, на аз писарам
03.11.2023
ОИЛА
949

 

Комёб Файзулло, писари Файзулло Машраб, ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ронандаи мошинеро, ки сабабгори ҳалокати овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов гардид, барои 3 сол равони зиндон шуд.

Ҳукмаш дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бароварда шуда, ӯро дар асоси моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст,) зиндон карданд.

Падараш Файзулло Машраб, ректори Донишгоҳи славянӣ, хабаррро тасдиқ карда, гуфтааст, мошине, ки садама кард, аз ӯ буд, на аз писараш ва шаби ҳодиса Комёб мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд.

Ректор гуфтааст, ки аз аввал тақозо кардаанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун баррасӣ шавад. Ин хел фалокат метавонад ба сари ҳар кас биёяд ва ҳеч кас аз ин чизҳо дар амон нест.

“Писарам аввал дар боздоштгоҳи ВКД буд, баъд ба СИЗО гузаронданд. Барояш хӯрок мебарем, аммо вонахӯрдем. Ман дар мурофиа ширкат накардаам. Комёб бо саводи худаш ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуд ва баъд ӯро ба Донишгоҳи славянӣ интиқол додем, чанд забони хориҷиро медонад”, -гуфтааст ректори Донишгоҳи славянӣ.

Машраб Файзулло ба наздикони Некрӯз Ниёзов изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми сентябр ронандаи «Lexus RX350», рақами қайди давлатиаш 4800СС01, шаҳрванд, Файзулло Комёб Машраб санаи таваллудаш 05.04.2005, зода вa истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар як садамаи нақлиётӣ боис ба марги овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД